Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон Макота Оҷироро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Бонки осиёии рушд дар чаҳорчӯби Стратегияи нав барои солҳои 2009-2012 ва Стратегияи дарозмуддат барои то соли 2020 баррасӣ шуд.
Ҳарду ҷониб аз сатҳ ва мазмуни ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.
Макота Оҷиро изҳор дошт, ки Бонки осиёии рушд ба Тоҷикистон дар солҳои 2009-2010 барои коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ 102 миллион доллари амрикоӣ грант ё худ кӯмаки бебозгашт пешниҳод менамояд, ки аз он 64 миллионаш барои соли равон ҷудо мешавад. Таъкид гардид, ки ин маблағҳо асосан ба дастгирии буҷети давлатӣ, афзоиши коркарди пахта дар дохили кишвар ва рушди иқтисоди бозорӣ равона мегардад.
Макота Оҷиро ҳамчунин таъкид дошт, ки ғайр аз ин Бонки осиёии рушд омода аст барои татбиқи амалии чораҳои зидди бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол таҳия мекунад, кӯмакҳои иловагӣ расонад.
Хотиррасон гардид, ки алҳол дар Тоҷикистон бо сармоягузории Бонки осиёии рушд 13 лоиҳаи инвеститсионӣ амалӣ мегардад, ки маблағи умумии онҳо 380 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки аз соли 2008 ин ҷониб, яъне баъди даҳсолаи аввали ҳамкориҳои пурсамар Бонки осиёии рушд ба Тоҷикистон танҳо ба таври грант ё худ кӯмакҳои бебозгашт маблағ ҷудо мекунад.
Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҷонибҳо ба густариши ҳамкориҳои минбаъда изҳори ҳавасмандӣ карда, таъкид бар он доштанд, ки аксари лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон, пеш аз ҳама лоиҳаҳои дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия ва энергетика амалишаванда ба манфиати тамоми кишварҳои минтақа равона гаштаанд.