Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машаварати корӣ бо роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ оид ба рафти иҷрои лоиҳаҳо ва азхуднамоии маблағҳо

06.04.2009 15:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсарои Ҳукумати мамлакат бо роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ оид ба рафти иҷрои лоиҳаҳо ва азхуднамоии маблағҳо машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат ҳамчунин Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ, роҳбарони вазорату идораҳо, сохторҳои дахлдор ва масъулини Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат иштирок намуданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон татбиқи босамар ва саривақтии барномаю лоиҳаҳои инвеститсиониро яке аз чораҳои муассири зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда, аз масъулин талаб намуд, ки баҳри тезондани суръати азхуднамоии маблағҳои калони ҷудогашта ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои судманд андешанд.

Оид ба рафти татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, истифодаи маблағҳои ҷудогашта ва иҷрои корҳои мушаххас ҳисоботи Раиси Кумитаи давлатии самоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фарух Ҳамралиев, роҳбарони дигар вазорату идораҳои дахлдор ва ҳар як маркази татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ шунида шуд.

Аз ҷумла зикр гардид, ки айни ҳол дар мамлакат 56 лоиҳаи инвеститсионии давлатӣ татбиқ мешаванд ва маблағи умумии онҳо 6,4 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Аз он 74% маблағҳои имтиёзноки қарзӣ, 15% грантҳо ва 11 дар садаш ҳиссаи Ҳукумати мамлакат аст.

Дар татбиқи ин лоиҳаҳо беш аз 60 ҳазор шаҳрвандони касбу кори гуногуни кишвар бо ҷойи кор ва маоши баланд таъмин гаштаанд.

Лоиҳаҳои инвеститсионии давлатӣ асосан аз 23 манбаъ маблағгузорӣ шуда, дар зиёда аз 16 соҳа ва бахшҳои гуногуни иқтисодиёт амалӣ мешаванд.
Афзалияти бештар ба соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноату кишоварзӣ, азхудкунии заминҳои нав, обтаъминкунӣ ва маорифу тандурустӣ дода мешавад.

Дар соҳаи энергетика баҳри беҳтар намудани сифати таъминот бо нерӯи барқу газ ба аҳолӣ ва соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат 12 лоиҳа ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ мавриди татбиқ қарор доранд.

Сохтмони Хати интиқоли барқи 500 киловолтаи Ҷануб-Шимол, ки ҳадаф аз он пайваст намудани системаи энергетикии ҷануб бо шимоли кишвар аст, аз лоиҳаҳои афзалиятноки ин соҳа ба шумор меравад. Бунёди ин хат ба маблағи 1 миллиард сомонӣ идома дорад ва то моҳи ноябри соли равон бояд ба поён расад.

Сохтмони хати интиқоли барқи байнисистемавии Тоҷикистон ва Афғонистон аз лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ буда, бо маблағи 205 миллион сомонӣ амалӣ мегардад ва соли 2010 бояд ба итмом расад.

Барои кам кардани талафоти қувваи барқ ва газ ба воситаи васли 160 ҳазор ҳисобкунакҳои барқӣ ва 173 ҳазор ҳисобкунакҳои газӣ то соли 2011 ду лоиҳа ба маблағи 206 миллион сомонӣ мавриди татбиқ қарор доранд.

Барои барқарорсозии иншооти инфраструктураи соҳаи кишоварзӣ, системаҳои ирригационӣ, идоракунии захираҳои обӣ ва обёрии заминҳо дар ҷумҳурӣ ба маблағи қариб 1 миллиард сомонӣ 12 лоиҳа амалӣ мегардад ва то 1 апрели соли 2009 38 фоизи нақша иҷро шудааст.

Дар соҳаи нақлиёт 9 лоиҳа ба маблағи умумии 2 млрд. сомонӣ амалӣ мешавад, ки қариб 32 фоизи портфели ҳамаи лоиҳаҳои инвеститсиониро ташкил медиҳад.

Аз аввали татбиқи лоиҳаҳои соҳаи мазкур ба ҳолати 1 апрели соли равон 1,3 млрд. сомонӣ аз худ карда шудааст, ки ин нисбат ба нақша 66 фоизро ташкил медиҳад.

Таҳдиди роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок моҳи сентябри соли равон ва сохтмони нақбҳо ва долонҳои зиддитармавӣ моҳи июли соли 2010 бояд ба итмом расад.

Лоиҳаи таҷдиди роҳи Душанбе – сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон дар 3 марҳила ба маблағи 545 млн. сомонӣ амалӣ мешавад, марҳилаи якуми он ба анҷом расид ва корҳо дар марҳилаи дуюм ва сеюм мутаносибан 32 ва 12 фоиз иҷро шудаанд.

Дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 10 лоиҳаи инвеститсионӣ ба маблағи умумии 512 млн. сомонӣ амалӣ гардида, аз аввали татбиқи онҳо ба ҳолати 1 апрели соли 2009 285 млн. сомонӣ аз худ карда шудааст, ки 56 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми 4 лоиҳаи инвеститсионӣ дар соҳаи обтаъминкунӣ 220 млн. сомониро ташкил дода, аз аввали татбиқи онҳо то 1 апрели соли 2009 ҳамагӣ 119 млн. сомонӣ аз худ карда шудааст, ки ин 54 фоизи маблағи умумии лоиҳаҳоро ташкил медиҳад.

Умуман дар семоҳаи аввали соли 2009 дар соҳаҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ ба маблағи 298 млн. сомонӣ корҳо иҷро гардиданд аз аввали татбиқи лоиҳаҳо бошад 3,7 миллиард сомонӣ. Дар назар аст, ки то охири соли ҷорӣ дар доираи лоиҳаҳои инвеститсионӣ азхудкунии маблағҳо ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди пешравиҳои намоён аз суръати корҳо дар татбиқи аксари лоиҳаҳои инвеститсионӣ изҳори норозигӣ карда, таъкид дошт: «Дар ҳоле, ки тамоми кишварҳои дунё аз бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва пастравии нишондодҳои макроиқтисодӣ бонги хатар мезананд, масъулини лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон маблағҳои омодаи ҷудогаштаро саривақт аз худ карда наметавонанд”.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ вазифадор гардиданд, ки суръат ва сифати корҳоро баланд бардошта, ҳар моҳ оид ба рафти амалӣ намудани лоиҳаҳо ва чораҳои андешидашуда ба Ҳукумати мамлакат ахбори муфассал пешниҳод намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520