Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ҳайати кумитаҳои ҳамкории парламентии Иттиҳоди Аврупо

08.04.2009 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҳайати кумитаҳои ҳамкории парламентии Иттиҳоди Аврупоро, ки бо роҳбарии Она Юкневичине бо сафари серӯза ба Тоҷикистон омадаанд, ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз густариши рӯзафзуни муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоду Аврупо изҳори қаноатмандӣ карда, аз ҷумла таъкид намуд: «барои То?икистон омӯхтани таҷрибаи фарохи парламентаризми Аврупо аҳамияти зиёд дорад».

Ба гуфти Она Юкневичине Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Брюсели Шоҳигарии Белгия, ки моҳи феврали соли равон сурат гирифта буд ва мулоқоту вохӯриҳои бо ниҳодҳои мухталифи Иттиҳоди Аврупо анҷомдодааш, ба густариши бештари муносибатҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла Парлумони Аврупо такони тоза дод.

«Баъд аз ин мулоқотҳо дар Аврупо фаҳмиши нақши Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар таъмини амнияту суботи минтақа беҳ шуд», таъкид намуд Она Юкневичине.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба ҳамкории Тоҷикистону Аврупо дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ, амнияти минтақавӣ, илму маориф, тандурустӣ, беҳсозии фазои инвеститсионӣ ва таҳкими раванди демократикунонии ҷомеа гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Мубодилаи афкор ҳамчунин оид ба омодагӣ ба мулоқоти «Тройка» - и Иттиҳоди Аврупо бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520