Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ бо роҳбарони бонкҳои мамлакат

10.04.2009 16:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти устувор ва бонизоми бонкҳоро аз омилҳои асосии нигоҳдории суботи хоҷагии халқ ва низоми молиявии кишвар арзёбӣ намуд, аз ҷумла дар роҳи коҳиш додани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ.

Ин нукта имрӯз дар машварати кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони бонкҳои мамлакат оид ба натиҷаҳои фаъолияти онҳо дар семоҳаи якуми соли равон изҳор гардид.

Дар ин машварат ҳамчунин Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Вазири молияи мамлакат ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Оид ба вазъи имрӯза ва натиҷаҳои фаъолияти бонкҳо дар семоҳаи якум ҳисоботи Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода ва роҳбарони бонкҳо шунида ва таҳлилу баррасӣ карда шуд.

Аз ҷумла зикр гардид, ки ба санаи 31 марти соли равон 121-то ташкилоти қарзӣ ва 101-то ташкилотҳои маблағгузории хурд фаъолият мекунанд. Онҳо дар маҳалҳо 167 филиал, 70 шӯъбаҳои амалиётӣ ва 502 оҷонсиҳо доранд. Дар давоми соли 2008 ва се моҳи аввали соли 2009 шумораи бонкҳо ба 1 адад, ташкилотҳои маблағгузории хурд ба 31 адад ва филиалҳо 18 то зиёд шудаанд.

Ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар семоҳаи якуми соли 2009-ум 401,3 млн. сомониро ташкил доданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 17,9 млн. сомонӣ ва ё 4,7 фоиз зиёд мебошад. Ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дар ин давра 102,2 млн. сомонӣ қарзҳои хурд дода шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5,1 млн. сомонӣ ва ё 5,2 фоиз зиёд мебошад.

Дар семоҳаи якуми соли равон шумораи қарзҳои хурди додашуда 80,1 ҳазор ададро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3,6 ҳазор адад зиёд мебошад. Аз он ҷумла, қарзҳо ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон 28,2 ҳазор ададро ташкил намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1,4 ҳазор адад зиёд аст.

Дар ахбороти аксари роҳбарони бонкҳои саҳҳомӣ таъкид гардид, ки шумораи амонатгузорон ва ҳаҷми маблағҳои амонатҳои аҳолӣ дар онҳо рӯ ба афзоиш дорад ва инро нишона аз болоравии боварию эътимоди мардум ба бонкҳо маънидод карданд.

Аз ҷумла зикр гардид, ки дар се моҳи соли равон шумораи мизоҷони бонкҳо 355 ҳазор зиёд шуда, ба наздики 2,5 миллион адад расид.

Дар баробари муваффақиятҳо ҳамчунин камбудиҳои мавҷуда зикр гардиданд, ки яке аз онҳо ба пуррагӣ барнагаштани қарзҳои пахтакорон аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки маблағҳои имсолаи аз буҷети давлат ба пахтакорон тавассути бонкҳо ҷудошаванда ба мӯҳлати якуним сол ва бо фоизи нисбатан пасттар дода шавад.

Роҳбарони бонкҳои саҳҳомӣ ин иқдоми Сарвари давлатро дар шароити имрӯза дастгирии пурарзишу саривақтӣ аз фаъолияти бонкҳо маънидод карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин баҳри боз ҳам баланд бардоштани боварию эътимоди мардум ба бонкҳо як қатор пешниҳодҳо ба миён гузошт.

Аз ҷумла даъват намуд, ки филиалҳои бонкҳоро дар тамоми шаҳру ноҳияҳо кушоянд, қарзҳоро ба соҳаҳои истеҳсолӣ афзун намоянд ва оид ба ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ва муҳимтар аз ҳама пасттар кардани фоизи қарзҳо тадбирҳо андешанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520