Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақдими Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

15.04.2009 15:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм паёми навбатии худро ба парлумони кишвар ирсол намуда, самтҳои асосӣ ва дурнамои сиёсати дохилию хориҷии давлатро муайяну мушаххас намуд.

Дар ҷаласа аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, Сарвазири мамлакат ва аъзои Ҳукумат, мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти марказии судӣ ва дигар идораҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони ҳайати дипломатӣ, воситаҳои ахбори умум ва дигар шахсони дахлдор ширкат намуданд.

Баъди анҷоми муқаррароти оғози ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон паёми навбатии худро ба Парлумони кишвар ирсол намуд.

Мавзӯе, ки дар аввали паём баррасӣ шуд, масоили вобаста ба бартарафсозии оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон буд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз тадбирҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, зарурати андешидани чораҳои иловагӣ ва саривақтиро ба миён гузошт.

Аз паёми Президенти мамлакат ба парлумон бармеояд, ки таъсири бӯҳрон зарурати ворид намудани тағйиротро ба Буҷети давлатӣ ба миён овардааст, вале сарфи назар аз ҳама мушкилот маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, илму фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ коҳиш нахоҳад ёфт. Ба гуфти Сарвари давлат, маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақаю стипендияҳо ҷубронпулиҳо ва дигар кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ пурра ва саривақт пардохт карда мешаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони ҳамаи мақомоти идоракунии давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ супориш дод, ки хароҷоти дуюмдараҷаро кам кунанд, аз ҷумла барои корҳои хоҷагидорӣ, таъмир, хариди таҷҳизоту нақлиёт ва сафарҳои хизматӣ.

“Дар ин давра сафарҳои хизматӣ бояд то 80 фоиз кам карда шаванд ва аз хариди таҷҳизот ва воситаҳои нақлиёт аз ҳисоби буҷети давлатӣ худдорӣ карда шавад”, таъкид намуд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.

Таваҷҷӯҳи махсус ба беҳсозии фазои инвеститсионӣ ва шароити рушди соҳибкории хусусӣ зоҳир гардид.

Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки оид ба кам кардани меъёри андоз аз арзиши иловашуда аз 20 ба 18 фоиз, андоз аз фоида аз 25 ба 15 фоиз ва бартараф намудани дигар монеаҳо доир ба андозбандӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро таҳия ва пешниҳод намояд. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки барои андозсупорандагони тибқи низоми соддакардашуда фаъолияткунанда ҳадди ниҳоии даромади умумӣ аз 600 ҳазор сомонӣ ба 800 ҳазор сомонӣ расонида шавад.

Ба Бонки миллӣ супориш дода шуд, ки баҳри дастгирии минбаъдаи низоми бонкӣ фоизи қарзҳои ба бонкҳо додашавандаро аз 12 ба 10 фоиз ва меъёри захираҳои ҳатмиро аз 10 ба 8 фоиз кам намояд ва барои таъмини пардохтпазирии бонкҳо чораҳои зарурӣ андешад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз тағйиру иловаҳои ба як қатор қонунҳо пешниҳоднамудаи Ҳукумати мамлакат, ки ҳадаф аз онҳо фаъол намудани принсипи «равзанаи ягона» дар бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ аст, ёдовар шуда, аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ даъват намуд, ки онҳоро ҳарчи зудтар баррасӣ намоянд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Ра?мон иттилоъ дод, ки 90 фоизи таклифҳои пешниҳоднамудаи соҳибкорон иҷро шуданд ва таъкид намуд, ки масъулияти онҳо низ дар назди давлат ва буҷети давлатӣ бояд баланд гардад. Бо таассуф хотиррасон карда шуд, ки баъзе соҳибкорон даромадҳои худро аз андозсупорӣ пинҳон намуда, ба қонунвайронкунӣ роҳ медиҳанд.

Ба иттилои Сарвари давлат, сарфи назар аз бӯҳрони молиявию иқтисодӣ маблағгузории соҳаҳои стратегии кишвар аз ҷумла, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар се соли оянда ба андозаи 50 фоиз афзоиш ёфта, ба 10 миллиард сомонӣ расонда мешавад.

“Мувофиқи нақшаҳо Тоҷикистон бояд баъди се сол пурра бо гази худӣ таъмин шавад, баъд аз 4 сол нерӯи барқи дар дохил истеҳсолшаванда ба пуррагӣ эҳтиёҷоти кишварро қонеъ гардонад ва ин нуқтаи расидан ба истиқлоли энергетикӣ хоҳад буд”, бо эътимод изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар сурати бо муваффақият иҷро шудани нақшаҳо шаҳри Душанбе аллакай то охири соли равон бо гази худӣ таъмин мешавад.

Президенти Ҷум?урии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истифодаи лампаҳои каммасрафи замонавӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки бад- ин васила 5 маротиба кам кардани харҷи нерӯи барқ дар кишвар мумкин аст.
Аз ин хотир дастур дода шуд, ки дар мамлакат ду корхонаи истеҳсоли лампаҳои каммасраф сохта ба истифода дода шавад.

Кишоварзӣ, ки амнияти озуқавории мамлакат асосан аз сатҳи рушди он вобаста аст, соҳаи дигари муҳимтарини иқтисоди миллӣ маънидод гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз афзоиши ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли гузашта, ки 8 фоизро ташкил додааст, изҳори қаноатмандӣ карда, онро асосан натиҷаи ҳамовозии васеъ пайдо намудани муроҷиати Президенти Ҷум?урии Тоҷикистон ба мардуми кишвар маънидод кард ва аҳолии кишварро бори дигар ба истифодаи пурсамар аз ҳар ваҷаб замини корам, вусъати кишти такрории заминҳои обӣ ва афзоиши боз ҳам бештари истеҳсолоти кишоварзӣ даъват намуд.

Ба раисони шаҳру ноҳияҳо дастур дода шуд, ки ба кори соҳибкорони пахтакор дахолат накунанд ва таъкид дошт, ки дар интихоби харидори пахта ва муайян намудани нархи он соҳибкор бояд ихтиёр дошта бошад.

Ҳамчунин дастур дода шуд, ки пахта ҳамон қадар кишт шавад, ки худи пахтакорон ҷамъоварӣ карда тавонанд. “Минбаъд ба пахтачинӣ ҷалб намудани мактаббачагону донишҷӯён манъ карда мешавад, то ки маъракаи пахтачинӣ ба пастшавии сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ боис нагардад”, таъкид намуд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.

Доир ба сиёсати хориҷии давлат таъкидан изҳор гардид, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон бар пояи усули пазируфташудаи муносибот дар арсаи байналмилалӣ бо тамоми кишварҳои дунё, ки ба ин манфиатдоранд, ҳамкории васеъ, муассир ва созанда хоҳад дошт”.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: “Дар сиёсати минтақавӣ мо барои фароҳам овардани фазои созандаи ҳамкорӣ, пеш аз ҳама, бо давлатҳои ҳамсоя аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем” ва таъкид намуд, ки ин афзалиятро умумияти таърихӣ, ҳамбастагиҳои иқтисодӣ ва қаробати фарҳангиву инсонии халқҳои мо муайян мекунанд.

Рафтуомади озоди шаҳрвандон, муомилоти бемамониати сармоя, молу маҳсулот, хизматрасонӣ ва қувваи кориро аз роҳҳои асосии рушди иқтисодии кишварҳои минтақа маънидод карда, изҳор дошт: “Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳамгироии иқтисодӣ чун омили қавии рушди устувори минтақа буд, ҳаст ва хоҳад монд”.

Дар робита ба масоили истифодаи захираҳои обию энергетикии Тоҷикистон изҳор гардид: “мардуми Тоҷикистон, ки яке аз қадимтарин халқҳои ин марзу бум аст, дар давоми асрҳо бо ҳамсоягони худ дар оромиву осоиш ва муросову мадоро зиндагӣ кардааст” ва афзуд: “мо ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ ваҷҳ ҳамсоягони худро бе об нахоҳем гузошт”.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки “Тоҷикистон дар амалӣ кардани лоиҳаҳои гидроэнергетикии худ сиёсати шаффоф ва усули риояи манфиатҳои умумӣ, аз ҷумла манфиати ҳамсоягони худро пеш гирифтааст”.

Аз паёми Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки ҳамгироии кишвари мо бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Конфронси Исломӣ бо давлатҳои Русия, Чин, Амрико, Аврупо, ҷаҳони ислом ва кишварҳои форсизабон дар чаҳорчӯби муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба густариш хоҳанд ёфт.

Тавасиаи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодию сармоягузорӣ ва иштироки фаъол дар муборизаи муштарак бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳамчунин мусоидат ба барқарорсозии оромию субот дар Афғонистон аз ҳадафҳои асосии муносибатҳои хориҷӣ маънидод гардид.

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз интихоботи ояндаи Маҷлиси Олии мамлакат ва мақомоти намояндагии маҳаллӣ, ки моҳи феврали соли 2010 баргузор мегардад, ёдовар шуда, изҳори боварӣ намуд, ки тамоми қувваҳои сиёсӣ ва ҳизбҳову шаҳрвандони алоҳида барои соҳиб шудан ба ваколати вакилӣ танҳо дар чаҳорчӯбаи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда мубориза мебаранд.

“Бовар дорам, ки ин маъракаи сиёсӣ бо риояи меъёрҳои таҳаммулу муошират ва дар сатҳи баланд баргузор шуда, намунаи ваҳдати миллӣ, ягонагии ҷомеа ва омили муҳими пешрафти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоламон мегардад”, таъкид намуд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520