Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

16.04.2009 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат, Мушовирони давлатии Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар шахсони дахлдор оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳо баҳри иҷрои нишондодҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуд.

Ба масъулин дастур дода шуд, ки дар зарфи 10 рӯзи оянда нақшаи чорабиниҳо баҳри иҷрои нишондодҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод карда шавад.

Таваҷҷӯҳи махсус ба масъалаи гузаштан ба лампаҳои каммасрафи барқӣ зоҳир гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки аз биноҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат ва вазорату идораҳо сар карда, то ҳар як хонавода ҳарчи зудтар бояд ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ гузаранд ва таъкид намуд, ки 241 ҳазор оилаҳои камбизоат бо чунин лампаҳо аз ҳисоби давлат таъмин карда шаванд.

Ба Кумитаи телевизион ва радио супориш дода шуд, ки оид ба фоида ва аҳамияти истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ барномаҳои фаҳмондадиҳӣ таҳия ва пешкаши мардум намоянд.

Мутобиқи супориш ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ гузаштан то 1 - уми октябри соли равон бояд пурра ба анҷом расонда шавад.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки иҷрои супоришҳо оид ба кам кардани андозҳо, афзун намудани қарзҳои бонкӣ ба соҳибкорон, дароз намудани мӯҳлати баргардонии қарзҳои пахтакорон ва паст намудани фоизи ин қарзҳо таъмин карда шавад.

Тибқи супоришҳо, баҳри расондани майдони кишти такрорӣ ба 200 ҳазор гектар ва таъмини заминҳои кишоварзӣ бо об бояд тадбирҳои судбахш андешида шаванд.

Қатъан талаб карда шуд, ки корҳо баҳри бунёди нерӯгоҳҳои обию ҳароратӣ, тармиму таҷдиди нерӯгоҳҳои амалкунанда, аз ҷумла нерӯгоҳи азими Норак, истихроҷи гази табиии худӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаҳои стратегии иқтисодиёти кишвар тезонда шаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба вусъат додани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, аз ҳозир оғоз намудани омодагӣ ба зимистони оянда ва доир ба иҷрои босамару саривақтии тамоми нишондодҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои қатъӣ дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520