Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Чехия дар Тоҷикистон Роберт Капетский

20.04.2009 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Чехия дар Тоҷикистон Роберт Капетский эътимоднома қабул намуд.

Зимни сӯҳбат бо Роберт Капетский, ки баъди супурдани эътимоднома сурат гирифт, масоили татбиқи амалии санадҳои қарордодию ҳуқуқии миёни ду кишвар баимзорасида ва густариши муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чехия баррасӣ шуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз имкону захираҳои фаровон барои барқарорсозии робитаҳои пештараи Тоҷикистону Чехия ва густариш додани ҳамкории мутақобилан судманд ёдовар шуда, изҳор дошт, ки «сатҳи имрӯзаи ҳамкории ду кишвар ба имконоти мавҷуда мутобиқат намекунад».

Иштирок дар сохтмони нерӯгоҳҳои нави обӣ ва таҷдиди нерӯгоҳҳои амалкунандаи Тоҷикистон ва бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ аз самтҳои асосӣ барои густариши ҳамкории судманди иқтисодӣ арзёбӣ гардид.

Таваҷҷӯҳи зиёд ба масоили ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Аврупо, Паймони Атлантикаи Шимолӣ ва Созмони Милали Муттаҳид зоҳир гардид. Гуфтугӯйи судманд оид ба масоили вобаста ба мулоқоти «Тройка»- и Иттиҳоди Аврупо бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки охири моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, сурат гирифт.

Хотиррасон бояд кард, ки баррасии авзои кунунии Афғонистон ва роҳҳои таҳкиму густариши ҳамкорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз мавзӯъҳои асосии мулоқоти «Тройка»- и Иттиҳоди Аврупо бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои минтақа хоҳад буд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520