Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Мексика дар Тоҷикистон Артуро Эрнандес

23.04.2009 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Мексика дар Тоҷикистон Артуро Эрнандес эътимоднома қабул намуд.

Дар сӯҳбати онҳо, ки баъди супурдани эътимоднома сурат гирифт, масоили ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд.

Таъкид гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистону Мексика бештар дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар шакли мубодилоти сиёсӣ сурат мегиранд.

Аз ҷумла зикр карда шуд, ки Тоҷикистону Мексика аз ташаббускорони фаъоли ҳаллу фасли масоили вобаста ба об дар ҷаҳон мебошанд.

Ҷонибҳо ба қарор омаданд, ки муносибатҳои дуҷониба низ ба роҳ монанд. Ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика ва саноати сабук, кимиё ва кӯҳӣ аз самтҳои фоидаовар барои ҳарду кишвар маънидод гардид.

Артуро Эрнандес таъкид дошт, ки таҷрибаи Тоҷикистон дар бунёди нерӯгоҳҳои обӣ барои Мексика бисёр ҷолиб аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки Тоҷикистон барои густариш додани муносибатҳои дуҷониба омодааст, ба сафорати дар Амрико доштаи худ ваколати кор бо Мексикаро низ диҳад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520