Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Филиппин дар Тоҷикистон Ҷейм Ямбао эътимоднома қабул намуд.
Дар сӯҳбати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷейм Ямбао роҳҳои таҳикиму густариши муносибатҳои Тоҷикистону Филиппин баррасӣ шуд.
Таъкид гардид, ки барои густариш додани ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангии миёни Тоҷикистону Филиппин имкону захираҳои фаровон мавҷуданд ва онҳо бояд мавриди истифода қарор гиранд.
Бахшҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ, кимиё ва ҳамчунин мубодилаҳои илмию фарҳангӣ барои ҳарду кишвар судовар маънидод гардид.