Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Венгрия дар Тоҷикистон Янош Балла

24.04.2009 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Венгрия дар Тоҷикистон Янош Балла эътимоднома қабул намуд.

Дар сӯҳбат бо Янош Балла, ки баъди маросими эътимодномасупорӣ сурат гирифт, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳ ва мазмуни робитаҳои сиёсии Тоҷикистону Венгрия изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид бар он дошт, ки дар марҳилаи кунунии рушди муносибатҳои ду кишвар ба густариши равобити иқтисодӣ низ бояд таваҷҷӯҳи бештар зоҳир гардад.

Сафири нави Венгрия Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бовар кунонд, ки баҳри мавриди истифода қарор додани имкону захираҳои фаровони ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва савдо ва илму фарҳанг ҷаҳду талош мекунад.

Соҳаҳои кишоварзӣ, гидроэнергетика, дорусозӣ ва саноати сабуку хӯрокворӣ аз самтҳои афзалиятнок барои рушди ҳамкориҳои минбаъдаи иқтисодӣ арзёбӣ гардид.

Зимни баррасии авзои кунунии Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ Янош Балла ба нақши Тоҷикистон дар таъмини амнияту суботи минтақа ва барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон баҳои баланд дода, омодагии кишвари худро ба густариши робитаҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судманд таъкид намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520