Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Дабири кули Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа

24.04.2009 12:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кули Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон ва болобарии минбаъдаи нуфузу эътибори он дар арсаи ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

Таваҷҷӯҳи махсус ба ҳалли масоили ҳуқуқии ташкилдиҳӣ, ҳайат, фаъолият ва мавриду рохҳои истифодаи Нерӯҳои дастаҷамъии зудамал зоҳир карда шуд.
Масоили ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ ва омода кардани кадрҳои низомӣ барои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон низ аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.

Мубодилаи судманди афкор ҳамчунин оид ба авзои кунунии Афғонистон ва минтақа сурат гирифт.

Хотиррасон бояд кард, ки ҳамаи ин ва дигар масоил дар мулоқоти ояндаи сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки моҳи июни соли равон дар шаҳри Маскав баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520