Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

30.04.2009 17:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва раиси вилояти Хатлону раиси ноҳияи Хуросон оид ба расондани кӯмакҳо ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон машварати корӣ доир намуд.

Оид ба ҷараёни кӯмакрасонӣ ба зарардидагон ва барқарорсозии иншооти харобгашта гузориши Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов, Раиси вилоят Ғайбулло Авзал ва дигар шахсони масъул шунида шуд.

Зикр гардид, ки дар натиҷаи боришоти зиёди борон ва омадани селу лойқа шаби 21 – ум ба 22 - юми апрели соли равон дар ду деҳаи ҷамоати Айнии ноҳияи Хуросон 22 хона пурра ва 65 хонаи дигар қисман вайрон шудаанд. Дар ин 87 хонаи зарардида 114 оила зиндагӣ мекардаанд, ки шумораи онҳо 595 нафарро ташкил медиҳад. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ва расонидани кӯмак ба мардуми зарардида дар ноҳия Ситоди доимамалкунанда ташкил карда шудааст.

Кормандон ва дастаи наҷотдиҳандагони хадамоти мудофиаи гражданӣ ба бартараф намудани оқибати офати табиӣ сафарбар гаштаанд.

Аз ҷониби масъулин як шаҳраки иборат аз 117 хайма аллакай барои зисти муваққатии аҳолии зарардида омода гаштааст. Барои таъмини онҳо бо оби ошомиданӣ, хӯрока, нерӯи барқ, шароити тиббию санитарӣ, маводи сохтмонӣ ва дигар ашёву шароити зарурӣ тадбирҳои зиёд андешида шудааст.

Ширкати давлатии «Тоҷиксуғурта» ба аҳолии зарардида барои товони зарар 22 ҳазору 380 сомонӣ маблағ ҷудо намуд.

Ғайр аз ин, аз рӯзи аввали ҳодиса ташкилоту муассисаҳои давлатию хусусӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва инчунин шахсони алоҳида ба аҳолии зарардида кӯмак расонида истодаанд.

Дар суратҳисоби «Амонатбонк»-и ноҳияи Хуросон, ки барои кӯмак ба зарардидагон кушодаанд, то рӯзи 29 апрел зиёда аз 530 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъ шудааст.

Баҳри интихоби ҷойи нав барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ корҳои омӯзишӣ-таҳқиқотӣ идома доранд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти масъул оид ба интихоб ва ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони хонаҳои нав дар ҷойи мувофиқу бехатар, ҷудо намудани кӯмаки яквақтаи молиявӣ аз ҳисоби Ҳукумати мамлакат, ҷустуҷӯйи роҳҳои дигари кӯмакрасонӣ, таъмини зарардидагон бо маводи сохтмонӣ ва доир ба ташкил намудани дигар корҳои зарурӣ супоришҳои қатъӣ дод.

Ба шахсони дахлдор ҳамчунин оид ба вусъат додани ободонию созандагӣ, кишти саривақтии пахта, омодагӣ ба кишти такрорӣ, захира намудани хӯроки чорво ва дигар корҳо дастуру ҳидоятҳо дода шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520