Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Дабири Кулли Хартияи Энергетикӣ Андрэ Мерние

06.05.2009 12:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири Кулли Хартияи Энергетикӣ Андрэ Мерниеро ба ҳузур пазируфт.

Эмомалӣ Раҳмон ва Андрэ Мерние ин мулоқотро идомаи мантиқии сӯҳбате, ки онҳо се моҳ пеш дар шаҳри Брюсели Шоҳигарии Белгия доштанд, маънидод карда, ба таҳкиму густариши ҳамкорӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

“Кишвари мо дорои захираҳои бепоёни энергетикӣ аст ва барои мавриди истифода қарор додани онҳо мо ба ҳамкории васеъ дар ин соҳа манфиатдорем”, - изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, “меъёру принсипҳои Аҳдномаи Хартияи Энергетикӣ, ки тамоми ҷанбаҳои фаъолиятро дар ин соҳа фаро мегиранд, заминаи хуби ҳамкорӣ ва истифодаи имкону захираҳои мавҷуда мебошанд”.

Андрэ Мерние дар посух изҳор дошт: -“Мо медонем, ки Тоҷикистон барои раҳоӣ аз бӯҳрони энергетикӣ ва таъмини рушди босуботи иқтисодиёт илоҷи дигаре ғайр аз истифодаи захираҳои гидроэнергетикии худ надорад” ва таъкид намуд, ки Хартияи Энергетикӣ омодааст ба татбиқи лоиҳаҳои энергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҷумла дар Тоҷикистону Афғонистон мусоидати фаъол намояд.

Дабири Кулли Хартияи Энергетикӣ мусоидат кардан ба эҷоди заминаи боэътимоди ҷалб ва ҳимояи сармоягузорӣ ба соҳаи энергетика ва ба бунёди бозори минтақавии нерӯи барқро аз ҳадафҳои асосии сафари худ ба Тоҷикистон маънидод кард.

Эмомалӣ Раҳмон ва Андрэ Мерние оид ба фаъолгардонии меъёрҳои Аҳдномаи Хартияи Энергетикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар мавриди ҳамкориҳои энергетикӣ, сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ ва хатҳои интиқол, таъмини транзити озоди нерӯи барқ ва ҳамчунин оид ба сарфакорона истифода бурдани захираҳои обӣ ва нерӯи барқ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Ба гуфти Андрэ Мерние, Хартияи Энергетикӣ дар сурати вуҷуд доштани иродаи сиёсӣ метавонад дар ҳаллу фасли ҳуқуқии баҳсҳои мавҷудаи миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба истифодаи захираҳои обию энергетикӣ саҳмгузор бошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520