Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ноиби президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ Шигео Катсу

08.05.2009 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ Шигео Катсуро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи байналмилалии молиявӣ баррасӣ шуд.

Гуфтугӯйи судманд атрофи нишондодҳои рушди макроиқтисодии кишвар, андешидани тадбирҳои муассир баҳри коҳиш додани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, дастгирии буҷети давлатӣ ва бонкҳои саҳҳомӣ, мусоидат ба инкишофи соҳибкории хусусӣ, ҳаллу фасли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва ҳамчунин оид ба истифодаи захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ва аҳамияти минтақавии он сурат гирифт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонки Умумиҷаҳонӣ барои ҷудо намудани 20 миллион доллари амрикоӣ грант баҳри дастгирии буҷети давлатии Тоҷикистон ва 14 миллион доллари дигар барои паст кардани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии озуқаворӣ арзи сипос кард.

Шигео Катсу изҳор дошт, ки бо назардошти пайдо шудани сарчашмаҳои нави молиявӣ Бонки Умумиҷаҳонӣ ва дигар муассисаҳои мададрасон метавонанд грантҳои иловагӣ барои дастгирии иқтисодиёту иҷтимоиёти Тоҷикистон дар давраи бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ҷудо намоянд.

Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҷонибҳо ҳавасмандии худро ба таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкориҳо таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520