Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷаласаи сеюми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои инвеститсионӣ

18.06.2009 18:00, шаҳри Душанбе

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи сеюми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои инвеститсионӣ баргузор гашт, ки дар он Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов, Мушовири давлатии Сарвари давлат оид ба сиёсати иқтисодӣ, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, аъзои шӯро ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Хотиррасон бояд кард, ки ба Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои инвеститсионӣ роҳбарони сохтори дахлдори Ҳукумати мамлакат, намояндагони давлатҳо ва созмонҳои мададрасон ва соҳибкорони дохилию хориҷӣ аъзо мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз чаласаи дуюм то сеюми шӯро ба он се аъзои нав шомил гаштаанд. Онҳо Раиси иттифоқи соҳибкорон ва содиркунандагони Тоҷикистон Некрӯй Забиров, Раиси ассотсиатсияи бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон Изатулло Лаълбеков ва Раиси ассотсиатсияи истеҳсолкунандагон ва соҳибкорон Зайд Саидов мебошанд.

Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳсозии фазои инвеститсионӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки шумораи аъзои шӯро аз ҳисоби намояндагони кишварҳою созмонҳои мададрасон ва соҳибкорони дохилию хориҷӣ зиёд карда шавад.

Дар ҷаласаи навбатӣ ҳисобот дар бораи корҳои анҷомёфта оид ба ҷорӣ намудани принсипи «Равзанаи ягона» дар бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ шунида шуда, аз ҷараёни он изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки Барномаи «200 рӯзи ислоҳот» таҳия ва пешниҳод шудааст ва он то охири моҳ аз ҷониби Хукумати мамлакат қабул мегардад.

Аз ҷараёни беҳтаршавии фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, ки таҳти сарварӣ ва назорати бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ин нукта аз ҷониби намояндагони Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (ЮСАИД), Бонки таҷдид ва рушди Аврупо ва Президенти ширкати «Тетис Тоҷикистон лимитед» Девид Робсон таъкид гардид. Девид Робсон, аз ҷумла худро соҳибкори муваффақи хориҷӣ дар Тоҷикистон номида, таъкид дошт, ки «хушнудии соҳибкор беҳтарин рекламаи фазои инвеститсионии кишвар аст».

Изҳори боварӣ карда шуд, ки тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла чораҳои зиддибӯҳронии он ба афзоиши минбаъдаи сармоягузорӣ ба малакат мусоидат хоҳанд кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520