Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ вазирон ва соҳибкорони бонуфузи Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро, ки таҳти сарварии Вазири маъданҳои ин кишвар Муҳаммад Одил Иброҳим ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуд.
Таваҷҷӯҳи зиёд ба татбиқи санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ва ба амалӣ намудани мувофиқаҳое зоҳир гардид, ки ҳафтаи гузашта дар мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон ва дар мулоқоти чорҷонибаи онҳо бо ҳамроҳшавии Президенти Федератсияи Русия дар шаҳри Душанбе, ҳосил шуданд.
Аз густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Афғонистон, ки натиҷаи возеҳи роҳкушоиҳои миёни ду кишвар аст, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Намоиши имрӯзаи маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии Афғонистон дар шаҳри Душанбе қадами навбатӣ ва таконбахши робитаҳои тиҷоратии ду кишвари ҳамсоя маънидод гардид.
Ҳарду ҷониб таъкид бар он доштанд, баҳри амалӣ намудани нақшаҳои стратегии дорои аҳамияти минтақавӣ доир ба бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ, роҳҳои оҳану мошингард ҷаҳду талош менамоянд, то ба афзоиши қобилияти истеҳсолӣ, содиротӣ ва транзитии ду кишвар дастёб гарданд.
Масоили вобаста ба густариши ҳамкории фарҳангӣ низ аз мавзӯъҳои муҳими сӯҳбат буд.