Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Дабири кулли Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ Мартин Марми

15.09.2009 12:30, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ Мартин Мармиро ба ҳузур пазируфт.

Мартин Марми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои хидматҳои махсусан муҳимаш дар рушди нақлиёт ва боркашонии байналмилалӣ бо Ордени Ифтихории Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ сарфароз гардонда, аз ҷумла изҳор дошт: «таҷриба ва пешравиҳои Тоҷикистон дар рушди транзити байналмилалӣ ва ҷорӣ намудани сабукиҳои гузариш аз сарҳади давлатӣ ва қаламрави кишвар барои 73 давлати боқимондаи аъзои ин иттиҳод намунаи ибрат аст».

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ, ки дар чаҳорчӯби Конвенсияи гумрукӣ дар бораи боркашонии байналмилалӣ, Конвенсия дар бораи аҳдномаи байналмилалии боркашонӣ ва дигар санадҳо аз солҳои 90 – уми асри гузашта ба ин сӯ ҷараён дорад, баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин созмон ва шахсан Дабири кулли он Мартин Марми барои кӯмакҳои ташкилию моддӣ дар рушди имконоти боркашонии байналмилалии Тоҷикистон изҳори сипос намуд.

Мусоҳибон оид ба беҳтаршавии фазои сармоягузории Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои бузургҳаҷми инвеститсионӣ оид ба сохтмон ва азнавсозии роҳу пулҳо ва нақбҳои мошингард ва тавсиаи имконоти транзитии кишвар гуфтугӯйи судманд анҷом дода, омодагии худро баҳри рушди ҳамкории минбаъда дар ин самтҳо таъкид намуданд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки имрӯз дар рушди коммуникатсияҳои нақлиётии Тоҷикистон 10 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Эрон, Туркия, Италия ва созмонҳои байналмилалию минтақавии молиявӣ иштирок доранд.

Аз он, ки имрӯз миёни Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон ва Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ оид ба рушду такомули имконоти транзитии Тоҷикистон як санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои тақвияти бештари нақши Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ дар минтақа пешниҳод намуд, ки дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалӣ доир ба масоили транзити нақлиётӣ дар Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин пешниҳод намуд, ки соли оянда дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Рушди имконоти транзитии Осиёи Марказӣ дар давраи то соли 2020» гузаронда шавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520