Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикоти телевизионӣ ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ

22.09.2009 09:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Масъалаи омӯзиши осори таърихиву фарҳангӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони бузурги миллат дар роҳи таҳкими истиқлолияти давлат ва густариш пайдо кардани раванди худшиносиву худогоҳии ҳар як халқу миллат аҳамияти басо муҳим дорад.

Аз ин хотир, мо дар ҷараёни пешбурди сиёсати давлати соҳибистиқлоли худ ҳарчи бештар ба арзишҳои таърихии миллӣ ва умумибашарӣ эҳтиром гузошта, ба масъалаи бузургдошти шахсиятҳои маъруфи илму адаб ва ҳифзи фарҳанги пурғановати миллиамон афзалият медиҳем.

Бо ин мақсад мо дар баробари амалӣ кардани дигар тадбирҳои фарҳангиву адабӣ 22 сентябрро Рӯзи Рӯдакӣ эълон карда, наслҳои имрӯзу ояндаи миллати худро аз аслу насаби хеш, ки аз азал соҳиби фарҳангу тамаддун ва суннатҳои деринаи давлату давлатдорӣ буд, воқиф месозем ва онҳоро ба худшиносии милливу ифтихор аз ватандорӣ раҳнамоӣ менамоем.

Устод Рӯдакӣ, ки воқеан падарсолори шеъри Аҷам ва асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс дониста шудааст, аз ҷумлаи бузургтарин ва барҷастарин шахсиятҳои таърихи миллати куҳанбунёди мо мебошад.

Маҳз устод Рӯдакӣ буд, ки ҳамчун бунёдгузори кохи бегазанди андешаву орои олӣ дар хотири мардуми мо ва инсонияти фарҳангдӯсту адабпарвар ба ҳайси раҳнамову раҳкушои ҳазорон гӯяндагони бузург, аз қабили Фирдавсиву Носири Хусрав, Саъдиву Ҳофиз, Камолу Ҷомӣ, Шоҳину Аҳмади Дониш, Айниву Лоҳутӣ, Турсунзода ва дигарон нақши ҷовидонӣ гузоштааст.

Вақте мегӯем, ки адабиёт оинаи зиндагӣ ва баёнгари орзуву омоли аҳли башар аст, пеш аз ҳама, шеъри зиндагисозу рӯҳнавози устод Рӯдакӣ ба хотир мерасад.

Устод Рӯдакӣ дар олами шеъру шоирӣ ба мақоме даст ёфт, ки дар таърихи зиёда аз ҳазорсолаи адабиёт кам касоне ба он сатҳ расидаанд. Ҳамин аст, ки ӯро бо номҳои “султони шоирон”, “соҳибқирони шоирӣ”, “устоди устодон” ва “нахустустод” ёд мекунанд.

Ба қавли донишманди маъруф Саид Нафисӣ “Худои Эрони Бузург ба ӯ табъе чунон саршор ато карда буд, ки шеър гуфтан барои вай аз сухан гуфтани дигарон осонтар буд. Як милёну сесад ҳазор шеър гуфт ва ҳанӯз дар ҷаҳон касе бад-ин появу моя дар ҳеҷ забоне нарасидааст”.

Эҷодиёти устод Рӯдакӣ барҳақ дар таърихи адабиёти тоҷику форс ва гузашта аз ин, дар адабиёти ҷаҳон аз лиҳози мазмуну мӯҳтаво, ҳамчунин аз нигоҳи содагиву равонӣ камназир аст.

Муҳаббати сухани ӯ дар қалби мардуми мо ҳанӯз аз хурдсолӣ ҷой гирифта, онҳоро ба дӯст доштани зиндагӣ, фаро гирифтани илму дониш ва инсондӯстиву хайрхоҳӣ раҳнамоӣ месозад.

Шеъри Рӯдакӣ, ки зиёда аз ҳазор сол инҷониб дар фазои зиндагии мардуми мо танинандоз аст ва паёми озодиву истиқлол, сулҳу дӯстӣ, донишу хирад, накӯкориву ҷавонмардӣ ва зебоиву нафосатро мерасонад, барои наслҳои имрӯза низ ҳамчун намунаи олии башардӯстӣ, садоқат ба марзу буми аҷдодӣ, зебоипарастӣ ва ишқи поку беолоиш хизмат мекунад.

Панду андарзҳои безаволи Рӯдакӣ, ки ҷанбаи дигари муҳими эҷодиёти ӯро ташкил медиҳанд, аҳамияти бузурги тарбиявӣ дошта, ба қавли худи устод ба хонанда «бо чашми дил дидани олам»-ро меомӯзонанд.

Мо, ки имрӯз дар замони соҳибистиқлолӣ кору зиндагӣ дорем, дар баробари дигар паҳлуҳои пурқимати ашъори устод Рӯдакӣ бештар ба панду андарзҳои ҷовидонии ӯ, ки дар тарбияи насли соҳибмаърифат ва ватандӯсту ватанпараст аҳамияти муҳим доранд, ниёзмандем.

Аз ин рӯ, ба наслҳои имрӯзу ояндаи миллатамон зарур аст, ки ҳамчун ворисони бевоситаи фарҳанги куҳанбунёди хеш фармудаҳои бузургони илму адаб, аз ҷумла устод Рӯдакиро дастури зиндагии ҳамарӯзаи худ қарор диҳанд.

Зеро ашъори ӯ дарси тақвияти худшиносии миллӣ, сидқан дӯст доштани марзу буми аҷдодӣ ва риояи одоби ҳамидаи инсонӣ мебошад.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки Рӯдакӣ ва шеъри ӯ имрӯз низ бо мост ва мо бо мутолиаву баҳрабардорӣ аз мактаби одамияти ӯ ба мақому манзалати устод дар рушди фарҳангу адаби куҳанбунёди миллатамон ва кулли форсизабонони ҷаҳон беш аз пеш арҷ мегузорем.

Дар фарҷоми сухан ҳамаи шумо – ҳамватанони азиз ва кулли тоҷикону форсизабонони оламро ба муносибаи Рӯзи Рӯдакӣ, ки рамзи ҷовидони шеъри Аҷам аст, самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи шумо саодати зиндагӣ ва барори кор орзумандам.

Ҳамеша сарбаланду муваффақ бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520