Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Директори генералии Созмони байналмилалии муҳоҷират Вилям Лесли Слинг

26.03.2012 18:00

Дар мулоқот бо Директори генералии Созмони байналмилалии муҳоҷират Вилям Лесли Слинг масоили ҳамкории густурда дар ин соҳа баррасӣ шуд.

Вилям Лесли Слинг изҳор дошт, ки Созмони байналмилалии муҳоҷират минбаъд низ ба ҳаллу фасли мушкилоти Тоҷикистон, аз ҷумла мушкилоти вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳоҷирати дохилии вобаста ба хатарҳои офатҳои табиию техногенӣ, касбомӯзии муҳоҷирони эҳтимолӣ ва ғайра мусоидат намояд.

Таъкид гардид, ки имкону захираҳои фаровони табиӣ, моддию техникӣ ва инсонӣ, ё худ нерӯи кории мардуми Тоҷикистон бояд ба нафъи кулли минтақа, аз ҷумла Афғонистон мавриди истифода қарор бигиранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520