Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ёвари дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Ноэлин Ҳейзер

26.03.2012 18:00

Масоили ҳамкории Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид доир ба Афғонистон ва минтақаи атрофи он, ҳамчунин дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Ёвари дабири кулли ин созмон, Котиби иҷроияи Комиссияи масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии он барои Осиё ва Уқёнуси Ором хонум Ноэлин Ҳейзер баррасӣ шуд.

Бо арзи эҳтирому сипос ба талошҳои Тоҷикистон барои таъмини амният ва рушди иқтисодии Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ хонум Ноэлин Ҳейзер аз Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки намояндагони воломақому босалоҳияти кишвар барои идомаи муҳокимаи мавзӯъҳои мавриди назар ба ҳамоишҳои оянда доир ба Афғонистон, ки моҳҳои июл ва ноябри соли равон дар Токио (Япония) ва Бангкок (Таиланд) баргузор мегарданд, фиристода шаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520