Зимни суҳбат бо Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид доир ба Афғонистон Ян Кубиш масоили ҳамгироии дуҷонибаю минтақавӣ барои бозсозии иқтисодиёти Афғонистон ва таҳкими суботи иҷтимоию сиёсии ин кишвар баррасӣ шуд.
Ян Кубиш ба ҷаҳду талошҳои Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон ба ҳайси кишваре, ки худ даҳшатҳои ҷангу нооромиро аз сар гузарондааст, дар бозсозии иқтисодиёт ва суботи Афғонистон баҳои баланд дод.
Таъкид гардид, ки сохторҳои сершумори Созмони Милали Муттаҳид минбаъд низ рушди босуботи Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, тавассути имкону захираҳои геостратегии он ба таъмини эътидол дар Афғонистон низ мусоидати фаъол мекунанд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки татбиқи босамари лоиҳаҳои зербиноии Тоҷикистон, аз ҷумла бунёди роҳҳои оҳану мошингард, нерӯгоҳҳои барқӣ, кашидани хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва ғайра ба нафъи кулли минтақа хидмат хоҳад кард, зеро дар онҳо суди ҳамаи кишварҳои манфиатдор ба эътибор гирифта шудааст.