Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Канада дар Тоҷикистон Стефан Миллар

24.11.2009 15:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Канада дар Тоҷикистон Стефан Миллар эътимоднома қабул намуд.

Зимни сӯҳбати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Стефан Миллар, ки баъди маросими эътимодномасупорӣ сурат гирифт, масоили ҳамкории Тоҷикистону Канада баррасӣ шуд.

Пеш аз ҳама аз ҳамкориҳои Тоҷикистону Канада дар соҳаҳои амнияту мудофиа ва безараргардонии мина ва дигар моддаҳои тарканда изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҳамзамон таҳким ва густариши ҳамкории иқтисодии ду кишвар зарур шумурда шуд. Ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика ва саноати кӯҳӣ, ки ҳарду кишвар дар онҳо имкону захираҳои фаровон ва таҷрибаи фарох доранд, дорои дурнамои умедбахш арзёбӣ гардид.

Гуфтугӯйи судманд оид ба авзои кунунии Афғонистон, ҳамгироиҳои муштараки Тоҷикистону Канада дар чаҳорчӯби нерӯҳои посдори сулҳ ва ҳамчунин доир ба вазъият дар минтақаи Осиёи Марказӣ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520