ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Вазири корҳои
хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Муҳриддин Сироҷиддин
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Муҳриддин Сироҷиддин Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№33
Сироҷиддин Муҳриддин
аз 03 ноябри соли 2020 дар вазифаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.
Соли таваллуд 17 феврали соли 1964 Ҷои таваллуд ноҳияи Темурмалик
Миллат тоҷик Маълумот олӣ
соли 1986 Донишкадаи гидрометеорологии Одесса,
соли 2002 Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошкентро хатм кардааст.
Ихтисос муҳандис-агрометеоролог, иқтисодчии фаъолияти иқтисоди хориҷӣ
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, форсӣ, англисӣ
Вакили халқ ҳаст ё не нест
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не - соли 2010 ордени Шараф дараҷаи II
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1980-1981 |
Техник-агрометеорологи СГМ, ноҳияи Данғара |
Солҳои 1981-1986 |
Донишҷӯи Донишкадаи гидрометеорологии Одесса |
Солҳои 1986-1992 |
Муҳандис-агрометеорологи Маркази гидрометеорологияи Саридораи обуҳавосанҷии Вазорати ҳифзи табиати РСС Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 1992-1995 |
Ҷонишини сардор, сардори Идораи прогресси илмию техникӣ ва стандарти Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 1995-1996 |
Ҷонишини сардори Саридораи обуҳавосанҷии Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 1996-1997 |
Намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Шӯрои байнидавлатӣ оид ба проблемаҳои ҳавзаи баҳри Арал, шаҳри Тошкент |
Солҳои 1997-2002 |
Намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Фонди байналхалқии наҷоти Арал, шаҳри Тошкент |
Солҳои 2002-2004 |
Раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналхалқии наҷоти Арал, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2004-2005 |
Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳамоҳангсози миллии ҶТ дар СҲШ), шаҳри Душанбе |
Солҳои 2005-2013 |
Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Миллали Муттаҳид, ҳамзамон (аз 04.03.11) Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Куба |
Солҳои 2013-2020 |
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
аз ноябри соли 2020 |
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон |