Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии Белгия дар Тоҷикистон Даниел Бертран

24.11.2009 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии Белгия дар Тоҷикистон Даниел Бертран эътимоднома қабул намуд.

Дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сафири нав, ки баъди маросими эътимодномасупорӣ сурат гирифт, масоили ҳамкории Тоҷикистону Белгия баррасӣ шуд.

Таваҷҷӯҳи махсус ба татбиқи санадҳои ҳамкории Тоҷикистону Белгия, ки зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин кишвар моҳи феврали соли равон ба имзо расида буданд ва мувофиқаҳои дигари сатҳу зинаҳои гуногун зоҳир карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ аз форуми якуми соҳибкорони Тоҷикистону Белгия, ки дар шаҳри Брюсел баргузор гашта буд, ёдовар шуда, таъкид дошт, ки барои ба роҳ мондани ҳамкории васеъ ва расидан ба натиҷаҳои мушаххас форуми дуюми онҳо дар ояндаи наздик бояд дар шаҳри Душанбе гузаронда шавад.

Гуфтугӯйи судманд оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Шоҳигарии Белгия дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ва ҳамчунин оид ба ҳамгироиҳои сиёсию амниятии Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар минтақаи Осиёи Марказӣ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520