Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Судон дар Тоҷикистон Сироҷиддин Ҳомид Юсуф

25.11.2009 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Судон дар Тоҷикистон Сироҷиддин Ҳомид Юсуф эътимоднома қабул намуд.

Дар сӯҳбати Сарвари давлат бо Сироҷиддин Ҳомид Юсуф масоили ба роҳ мондани робитаҳои пайвастаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Судон баррасӣ шуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳандозӣ ва густариши робитаҳои ҳамкорӣ бо Судон, ки калонтарин кишвари африқоӣ аст, изҳори ҳавасамндӣ карда, аз ҷумла таъкид дошт: - «кишвари бостонии мо бо кишварҳои арабии Африқо равобити дерини таърихӣ ва фарҳангӣ дошт ва мо ният дорем, ки онро дар шароити муосир дар сатҳу асоси ҷадид эҳё намоем».

Бо ёдоварӣ аз муносиботи наздики Тоҷикистон бо кишварҳои арабӣ барпо намудани заминаи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкорӣ бо Судон низ зарур шумурда шуд.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ ва роҳҳои ҳалли мусолиматомези муноқишаҳои мусаллаҳона дар минтақаи Дарфури Судон сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520