Дар мулоқот бо Муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Япония Ҷо Накано доир ба ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистон бо ин кишвари мутараққии ҷаҳон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иштироки намояндаи воломақоми Японияро дар Конфронси RECCA-5 нишонаи таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати ин кишвар ба минтақаи мо арзёбӣ намуда, изҳори боварӣ кард, ки ин ҳамоиши муҳим ва тасмимоти муштараки кишварҳо ва созмонҳои мададрасон ба рушди намоёни иқтисодиёт ва амну суботи Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он мусоидати фаъол менамояд.
Аз рушди ҳамкорӣ бо Япония доир ба дастгирии рушди бахшҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ҳамзамон густариши сармоягузории муштарак ба татбиқи лоиҳаҳои судманди иқтисодӣ дар соҳаи коркарди сарватҳои табиӣ ва кишоварзии Тоҷикистон ва дигар бахшҳо «бо истифода аз захираҳои Тоҷикистон ва технологияҳои Япония» матлуб дониста шуд.
Ба гуфти Ҷо Накано, бо назардошти марзи тӯлонии Тоҷикистон бо Афғонистон ва нақши муҳими он дар таъмини суботи минтақавӣ Япония омода аст, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва нақлиётии Тоҷикистон, хусусан минтақаи ҷануби он мусоидати фаъол намояд.