Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Юнон дар Тоҷикистон Михаил Спинелис эътимоднома қабул намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баъди маросими эътимодномасупорӣ бо Сафири нав масоили кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Юнонро баррасӣ намуд.
«Муносибот бо кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Юнон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст», - изҳор дошт зимни сӯҳбат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки барои рушди ҳ амкории мутақобилан судманд аз имконоти фаровони мавҷуда истифода бояд бурд.
Мусоҳибон ба таҳ ким ва густариши минбаъдаи робитаҳои судманд изҳори ҳавасмандӣ карданд.