Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошӣ ба Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Амрико Барак Ҳусейн Обама

04.07.2012 10:30

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Амрико Барак Ҳусейн Обама барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он омадааст:

Ҷаноби Олӣ,

Барои ман мояи сарфарозист, то табрику таҳнияти самимии хеш ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати фаро расидани ҷашни миллӣ – солгарди Рузи истиқлолият ба Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсти Штатҳои Муттаҳидаи Амрико тақдим намоям.

Тоҷикистон мисли пешин хоҳони пешрафти Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ва ҷонибдори рушди минбаъдаи ҳамкориҳои васеъ бо кишвари Шумо мебошад. Мо дар оянда низ аз тамоми имкониятҳо ва захираҳо дар ҳама соҳаҳо ва арсаҳои ҳамкорӣ истифодаи матлуб хоҳем намуд.

Мо мутмаинем, ки равобити дӯстона ва ҳамкории васеи давлатҳои мо омили муҳими сулҳу субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва берунтар аз он мебошад.

Дар ин рӯзи саид ба ҷаноби Президент сиҳату саломатӣ, комёбиву муваффақиятҳои рӯзафзун ва ба халқи дӯсти Амрико пешрафту шукуфоӣ ва саодату некрӯзӣ таманно дорам.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520