Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

03.07.2012 17:30

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳоро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонид.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ», «Дар бораи мараторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ», «Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ», «Дар бораи амнияти нақлиётӣ», ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ», «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ», «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ», «Дар бораи ихтироъ», «Дар бораи бойторӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ» дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ» дар таҳрири нав таҳия гардидааст.

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии фаъолияти савдои хориҷӣ, принсипҳои асосии танзими давлатии фаъолияти савдои хориҷӣ, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои субъектони савдои хориҷиро муайян намуда, бо мақсади фароҳам овардани замина ва шароити мусоид ба рушди савдои хориҷӣ ва ҳамгироии он бо иқтисодиёти ҷаҳонӣ, инчунин тақвият бахшидан ба раванди воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо қабул карда шудааст.

Инчунин қонунҳои қабулгардида дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ», «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ», «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ», «Дар бораи ихтироъ», «Дар бораи бойторӣ» низ бо мақсади тезонидани раванди воридшавӣ ба Созмони умумиҷаҳонии савдо ва такмилу тақвияти муносибатҳо дар соҳаҳои дахлдор равона карда шудаанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ» маротибаи аввал таҳия ва қабул гардида, асосҳои ҳуқуқӣ ва принсипҳои ташкили баҳисобгирии инфиродиро бо мақсадҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои субъектони суғуртаи ҳатмии нафақавӣ, ҳалли баҳсҳо ва дигар масоили муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро вобаста ба соҳаи мазкур танзим менамояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мараторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012 сарчашма гирифта, мараторияи санҷишҳоро дар фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ муқаррар намуда, тартиби татбиқи онро ба танзим медарорад ва дар маҷмӯъ ба рушди соҳибкорӣ, ба вижа соҳибкории истеҳсолӣ нигаронида шудааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520