Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъомади ғайринавбатии Ҳукумат

13.03.2012 19:00

Бегоҳии рӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои Ҳукумат, роҳбарони идораҳои назди Ҳукумат ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Дар ҷамъомади ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масоили вобаста ба бартараф намудани оқибатҳои зимистони тӯлонии сарду сербориш, вазъи номусоиди обу ҳавои кунунӣ, боришоти зиёди барфи рӯзҳои охир, аз хавфи тармаю обхезӣ эмин нигоҳ доштани мардум ва хоҷагии халқи кишвар ва ҳамчунин кӯмак ба чорводорон баррасӣ шуд.

Доир ба вазъи кунунӣ ва чораҳои андешидашуда, Муовини сарвазири кишвар Муродалӣ Алимардон, Вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов ва дигар шахсони масъул гузориш доданд. Тавре зикр гардид, зимистони сарду тӯлонии имсола ва боришоти аз ҳад зиёди барф ба хоҷагии халқи кишвар, аз ҷумла роҳу пулҳои мошингард ва бахши чорводории соҳаи кишоварзӣ хисороти зиёд ворид намуд. Дар натиҷаи хунукназарии масъулин ва нандешидани чораҳои саривақтӣ дар бисёр минтақаҳои кӯҳистон талафоти чорво ба назар мерасад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳбарони сохторҳои дахлдор доир ба нигоҳубини роҳҳои мошингард, аз тарма тоза кардани роҳҳои минтақаҳои кӯҳистон, таъмини рафту омади мусофирон, дастрас намудани хӯроки иловагии чорво ба чорводорон, ба хусус чорводорони минтақаҳои кӯҳӣ супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки то якуми апрели соли равон доир ба вазъи чорводорӣ дар кишвар ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.

Зимни машварат ба масъулини дахлдор, ҳамчунин доир ба омодагии ҷиддӣ ба истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520