Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон: "100 - солагии матбуоти тоҷик ҷашни умумимиллӣ аст"

10.03.2012 13:00

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 100-умин солгарди матбуоти тоҷик бо намояндагони сершумори воситаҳои ахбори умум мулоқот намуд.

Ҷамъомади идонаи бахшида ба солгарди 100 – уми матбуоти тоҷик дар театри опера ва балети Садриддин Айнӣ баргузор гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аҳли матбуоти кишварро ба ифтихори ин санаи таърихӣ самимона табрик гуфта, барояшон саломатӣ, саодати рӯзгор ва парвозҳои баланди эҷодӣ таманно намуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, бо ёдоварӣ аз таърихи садсолаи матбуоти тоҷик, аз ҷумла солҳои аввали он ва фаъолияти тақдирсози устод Садриддин Айнӣ, нақши воситаҳои ахбори оммаро дар бунёд ва рушди давлатдории навини тоҷикон бузург арзёбӣ намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба аҳамияти воситаҳои ахбори омма дар таърихи миллат ва рушди ҷомеа изҳор дошт: - «100 - солагии матбуоти тоҷик на танҳо ҷашни аҳли матбуот, балки ҷашни умумимиллӣ низ мебошад».

Бо ёдоварӣ аз се марҳилаи рушди матбуоти тоҷик, яъне давраи пеш аз инқилоб, даврони шӯравӣ ва замони истиқлол Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки маҳз дар замони истиқлоли давлатии Тоҷикистон шумораи воситаҳои ахбори умум, хусусан расонаҳои мустақил ба маротиб афзун шуд. Зикр гардид, ки «соли 1991 ҳамагӣ як агентии иттилоотии давлатӣ вуҷуд дошт ва аз 139 адад рӯзномаву маҷалла фақат чор рӯзнома хусусӣ буд. Имрӯз бошад, 446 рӯзномаву маҷалла ба табъ мерасад, ки 270 - тоаш ҷамъиятиву хусусӣ мебошад. Аз даҳ агентии иттилоотӣ, ки ба қайд гирифта шудааст, 9-тоаш ва аз 44 шабакаи радиотелевизионӣ 28 – тоаш хусусӣ мебошад».

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон расонаҳои давлатӣ ва мустақилро «ду шохаи ба ҳам пайвастаи матбуоти тоҷик» ва дар умури идораи давлатӣ «ёварони давлату ҳукумат» арзёбӣ намуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба мусоидат ба фаъолияти озоду ошкоро ва созандаи матбуоти тоҷик ба сохторҳои масъули давлатӣ як қатор супоришҳои мушаххас дод.

Аз ҷумла дастур дода шуд, ки моддаҳои вобаста ба таҳқиру тӯҳмати (135 ва 136) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонунгузории гражданӣ гузаронида шаванд.

Супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба омода кардани нуқтаҳои фурӯши матбуоти даврӣ дар маҳалҳои серодами шаҳру ноҳияҳо, навсозии воситаҳои чопи рӯзномаю маҷаллаҳо, саҳлсозии расондани нашрияҳо ба минтақаҳои кишвар, таҳияи барномаи давлатии омодасозии кадрҳои соҳа, таъсиси Академияи телевизион ва радио ва ғайра дода шуд.

Ҳамчунин дастур дода шуд, ки ҷоизаи давлатии ба номи Садриддин Айнӣ барои хизматҳои арзандаву шоён дар соҳаи воситаҳои ахбори омма таъсис дода шавад.

Дар охири ҷамъомад ба ифтихори 100-умин солгарди матбуоти тоҷик як зумра рӯзноманигорони шинохтаи кишвар ва собиқадорони ин соҳа бо мукофотҳои давлатӣ, аз қабили ордени Шараф дараҷаи 2, медали Хизмати шоиста, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тӯҳфаҳои қиматноки хотиравӣ ба мисли телевизор, компютер ва ғайра сарфароз гардонда шуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520