Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сарпарасти Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусайни Анвори

13.01.2010 16:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарпарасти Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусайни Анвориро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи хайриявӣ ва фарҳангии давлати дўсту ҳамзабони мо - Эрон баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои фаъолияти 14-солаи Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, барои корҳои зиёди анҷомдодаи он арзи сипос намуд, бахусус барои омўзиши занону духтарон ва таъсиси коргоҳҳои хонагии қолинбофӣ.

Бо қаноатмандӣ аз таъсиси 10 омўзишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон ва кўмакҳои зиёди Кумитаи Имдоди имом Хумайнӣ ба ятимхонаҳо, маъюбон, беморон, донишомўзон ва ғайра, дар баргузорсозии маросими тўйи ҷавонони ятиму камбизоат, мадади фаврӣ ба зарардидагон аз офатҳои табиӣ, таъмири манзили зисти мададҷўён ва пардохти маблағҳои коркушоӣ ёдоварӣ шуд.

Ҳамзамон зарурати густариш додани ҳамкорӣ баҳри дастгирии соҳибкорони хурду миёна, аз ҷумла дар бунёди корхонаҳои хурди коркарди ашёи хом, истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар корҳои хайру савоб таъкид гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520