Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тағйироти кадрӣ

30.01.2010 16:00

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода аз вазифаи Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ - намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, ба вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Як қатор кадрҳое, ки аз ҷониби Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон ба номзадӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд, аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод карда шудаанд. Шермуҳаммад Шоҳиён аз вазифаи Раиси Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мунавар Кенҷаева аз вазифаи Раиси суди иқтисодии вилояти Суғд, Хайриниссо Юсуфӣ аз вазифаи Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Азизмат Имомов аз вазифаи Муовини аввали Вазири адлия, Маҳмадшариф ҳақдодов аз вазифаи Муовини Вазири энергетика ва саноат ва Низом қосим аз вазифаи Директори Муассисаи давлатии «Телевизиони кўдакону наврасон-Баҳористон», аз ҷумлаи онҳоанд.

Бояд таъкид дошт, ки аз вазифа озод шудани онҳо ба хотири таъмин намудани шароити баробари интихоботӣ ба ҳамаи номзадҳо аст. Хотиррасон бояд намуд, ки бо ҳамин сабаб қаблан 7 нафар раисони шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз вазифа озод карда шуда буданд.

Исуфалӣ Муродов аз вазифаи муовини сардори Сарраёсати қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ, техника ва аслиҳа бо сабаби ба нафақа баромадан;

Шариф Исоев, Сафаралӣ Саъдуллоев ва Нурмаҳмад Холназаров аз вазифаи муовинони раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик»;

Бо Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Баротов барои зоҳир намудани бемасъулиятӣ ва роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз вазифаи Директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи барқарорсозии системаҳои ирригатсионӣ» озод карда шуд.

Бо ризоияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов аз вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба нафақа баромадан ва Абдусамӣ Додобоев аз вазифаи муовини аввали Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод карда шуданд.

Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Азизов аз вазифаи муовини Раиси Суди Олии ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сайфулло Гиёев аз вазифаи муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – раиси Коллегияи ҳарбӣ бо сабаби ба корҳои дигар гузаштан бозхонд карда шуданд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Зафар Азизов Раиси Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520