Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тағйироти кадрӣ

09.02.2010 15:00

Имрўз бо қарорҳои Ҳукумати мамлакат ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тағйироти кадрӣ амалӣ карда шуд.

Чор нафар мутахассисони варзидаи соҳаи энергетика - Мўмин Тошматов, Абдулло қурбонов, Сўҳроб Раҳимов ва Сунатулло қодиров муовинони раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» таъин гардиданд.

Зевар Давлатова, ки то ин вақт муовини аввали директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» буд, аз ин вазифа озод ва Директори муассисаи давлатии «Телевизиони кўдакону наврасон - Баҳористон» таъин карда шуд.

Асрор Латипов бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи мудири шуъбаи ташкилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.

Грез қосимов аз вазифаи мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо озод ва ба вазифаи муовини сардори Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Раҳматулло Каримов Директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи барқарорсозии системаҳои ирригатсионӣ» таъин карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520