Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулҳодӣ Аргандеволро ба ҳузур пазируфт.
Дар вохўрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Афғонистон ва рушду тавсеаи он мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сўҳбат изҳор дошт, ки «дар тайи чанд соли охир роҳу усулҳои равобити Тоҷикистону Афғонистон ба куллӣ такмил ёфта, соҳаҳои ҳамкории мутақобилан судманд тавсеаи бештар пайдо кардаанд ва мо умедвор аз онем, ки ҳарду ҷониб дар оянда низ барои рушди босуръати муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ талоши бештаре менамоянд».
Ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика, аз ҷумла бунёди хатти интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва татбиқи амалии лоиҳаи бунёди хатти интиқоли барқи КАСА -1000, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ пуштибонӣ мешавад барои ду давлати ҳаммарз ҳамчун омили муҳими пешбарандаи иқтисодиёт арзёбӣ гардид. Таъкид шуд, ки Тоҷикистону Афғонистон ҳ аз татбиқи ин лоиҳа манфиати зиёде хоҳанд дид.
Дар мулоқот ҳамзамон доир ба нақши транзитии Тоҷикистону Афғонистон дар минтақа, бунёди корхонаҳои муштарак ва нерўгоҳҳои обии гуногуниқтидор, татбиқи лоиҳаҳои бунёди хатҳои байнидавлатии интиқоли нерўи барқ, сохтмони роҳҳои оҳан, инчунин доир ба гузаронидани Форуми тиҷоратии муштараки соҳибкорони Тоҷикистону Афғонистон дар шаҳри Душанбе мубодилаи афкор сурат гирифт.