Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи хобгоҳи навбунёди мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат

12.06.2012 09:45, шаҳри Бӯстон

Устодону хонандагон ва падару модарони гиромӣ!

Расо се сол қабл дар арафаи таҷлили яке аз ҷашнҳои мубораки давлатамон - Рӯзи ваҳдати миллӣ мову шумо дар шаҳри Чкалов мактаби Президентиро барои хонандагони болаёқат ифтитоҳ намуда, қарор карда будем, ки баsрои хонандагони ноҳияҳои дурдаст дар ҳудуди муассиса як хобгоҳи муосир бунёд карда шавад. Ин супориш амалӣ шуд ва имрӯз мову шумо дар расми ба истифода супоридани ин иншооти навбунёди аз ҳар лиҳоз муҷаҳҳаз ширкат дорем.

Ба ин муносибат ҳамаи шумо – омӯзгорону хонандагон ва ҳозирини гиромиро ба муносибати ифтитоҳи хобгоҳи мазкур, ки барои истироҳату фароғати толибилмони болаёқати ин муассисаи таълимӣ бунёд гардидааст, самимона табрик намуда, ба меъморону бинокорон ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин иморати хуштарҳи зебо заҳмат кашидаанд, изҳори миннатдорӣ менамоям.

Чунонки доим таъкид месозам, барои давлат ва ҷомеаи мо яке аз ҳадафҳои муҳимтарин фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ ҷиҳати ба таълиму тарбия фаро гирифтани насли наврас, дар қалбу шуури онҳо бедор кардани шавқу рағбати илмомӯзӣ, эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ҳамчун шахсони сазовори оянда ба камол расонидани онҳо мебошад.

Зеро давлатро танҳо кадрҳои соҳибкасбу бомаърифат обод мекунанд ва пешрафту оромии ҳар ҷомеа аз сатҳи донишу ихтисосмандӣ ва фарҳангу ҷаҳонбинии афроди он вобастагии мустақим дорад.

Аз ин рӯ, шумо - фарзандони азиз бояд аз натиҷаҳои ғамхории доимии давлату Ҳукумати Тоҷикистон, яъне мактабу синфхонаҳои муосиру муҷаҳҳаз, хобгоҳу дигар иншооти замонавии бароятон муҳайёгардида, муҳимтар аз ҳама, аз донишу таҷрибаи устодони худ, ки барои шумо заҳмат мекашанд, самаранок баҳравар гардед ва ба хотири омӯзиши илму дониш, бахусус илмҳои табииву риёзӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ, ахлоқи ҳамидаву рафтори нек доим саъю талош кунед ва дар оянда барои миллати соҳибтамаддуни худ ҳамчун кадрҳои баландихтисос хизмати арзандаро анҷом диҳед.

Давлату Ҳукумати кишвар ҷиҳати таҳкими асосҳои моддиву техникии соҳаи маориф ва беҳтар ба роҳ мондани раванди таълиму тарбияи хонандагон бо роҳи татбиқи барномаҳои давлатӣ, таъмиру ба истифода супоридани мактабҳо ва иншооти ёрирасони онҳо, дастгирии иҷтимоиву иқтисодии омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим тавассути баргузории чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ маблағгузориро аз ҳамаи сарчашмаҳо, аз ҷумла аз ҳисоби буҷет мунтазам зиёд мекунад.

Масалан, танҳо дар панҷ моҳи соли ҷорӣ аз буҷети давлат ба соҳаи иҷтимоиёти вилояти Суғд қариб 215 миллион сомонӣ, аз ҷумла қариб 100 миллион сомонӣ ба соҳаи маориф ҷудо карда шудааст.

Иншооте, ки имрӯз бахшида ба 15 – солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад, яъне хобгоҳи мактаби Президентӣ барои 400 нафар хонандагони болаёқат пешбинӣ шудааст. Иморати чорошёнаи хобгоҳ дар маҷмӯъ дорои 61 ҳуҷраи истироҳативу дарстайёркунӣ, толори варзишӣ ва дигар утоқҳои ёрирасон мебошад.

Хобгоҳ бо сарфи 5,5 миллион сомонӣ бунёд шуда, дар он тамоми шароити муосир барои истиқомату донишомӯзии хонандагоне, ки аз ноҳияҳои дурдаст таҳсил мекунанд, фароҳам оварда шудааст.

Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки аз рӯзҳои аввали ба фаъолият оғоз намудани мактаби Президентии мазкур, яъне аз соли хониши 2009 ҳамаи 72 нафар хатмкунандагони ин макони маърифат ба унвони донишҷӯӣ мушарраф гардида, ҳоло 48 нафари онҳо дар мамлакатҳои олии мамлакат ва 24 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷии дуру наздик дар риштаҳои мухталиф таҳсил карда истодаанд.

Ҳамчунин шогирдони мактаб дар давоми се соли гузашта дар олимпиадаҳои фаннии дохиливу байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби даҳҳо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардидаанд, ки ин албатта натиҷаи саъю кӯшиши хонандагон, заҳмати устодону омӯзгорон ва ҳамкории хуби падару модарон бо мактаб мебошад.

Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҳарчи бештари хонандагон ба варзиш бахшҳои гуногуни варзишӣ фаъолият доранд, ки дар баробари инкишофи имкониятҳои зеҳнӣ, инчунин ба тақвияти нерӯи ҷисмонии хонандагон мусоидат менамоянд.

Ҳангоми ифтитоҳи мактаби Президентӣ илова ба масъалаи сохтмони хобгоҳ барои хонандагон инчунин бо манзил таъмин кардани омӯзгорон низ таъкид шуда буд.

Аз ин рӯ, Вазорати маориф, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Чкалов вазифадор карда мешаванд, ки барои омӯзгорони эҳтиёҷманди ин муассисаи таълимӣ як хонаи истиқоматии бисёрошёна бунёд намуда, онро то оғози соли хониши 2013 ба истифода супоранд.

Ҳукумати кишвар барои дастгирии иҷтимоии аҳли маориф ва баланд бардоштани сатҳи таъминоти онҳо таваҷҷӯҳи пайваста зоҳир менамояд. Дар Паёми имсолаи Президент ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид гардидааст, ки бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва афзоиши имкониятҳои молиявӣ аз 1 сентябри соли ҷорӣ марҳалаи дуюми зиёдшавии музди меҳнат амалӣ гардида, маоши кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, яъне мактабҳои миёна ва муассисаҳои томактабӣ, хона интернатҳо барои пиронсолону маъюбон 60 фоиз зиёд карда мешавад.

Мо ҳамчунин ташкили муассисаҳои таълимиро барои хонандагони болаёқат яке аз самтҳои муҳими соҳаи маориф мешуморем. Ҳамин аст, ки дар солҳои истиқлолият бо ибтикори бевоситаи Ҳукумат дар қаламрави кишвар 5 муассисаи таълимии литсей-интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқат таъсис гардида, ҳоло дар онҳо зиёда аз 2700 нафар хонандагони лаёқатманд ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Илова бар ин, дар назар аст, ки то моҳи сентябр боз ду муассисаи нави таълимии Президентӣ барои зиёда аз 1600 нафар хонандагони болаёқат ба истифода супорида шавад.

Бо истифода аз ҳузури падару модарон мехоҳам бори дигар хотирнишон созам, ки дар баробари чораҳои андешидаистодаи давлату Ҳукумати кишвар доир ба рушди соҳаи маориф таҳкими робитаи оила бо мактаб, таълиму тарбияи фарзандони солиму боодоб ва соҳибмаърифату донишманд, инчунин дар шуури насли наврас густариш додани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, рӯҳияи ифтихор аз таъриху фарҳанги волои миллӣ, худогоҳӣ ва худшиносӣ, омӯзиш ва таблиғи анъанаву суннатҳои беҳтарини миллӣ ва фарогириву эҳтироми арзишҳои неки умумибашарӣ вазифаи муқаддаси волидайн ва аҳли ҷомеа мебошад.

Маҳз бо ҳамин мақсад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул карда шуд ва волидайн бояд ба хотири тарбияи насли ояндасози ҷомеа, фарзандоне, ки номбардори падару модари худ ва миллату давлати соҳибистиқлоли хеш шуда тавонанд, ҳамаи имкониятҳои худро сарф намоянд. Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ғамхорӣ ба насли имрӯз ва фароҳам овардани шароит барои таълиму тарбияи он – ғамхорӣ барои ояндаи ободи давлат, миллат ва ҷомеа мебошад.

Дар робита ба ин, таъкид месозам, ки дар сатҳи олӣ фароҳам овардани тамоми шароит барои таълиму тарбияи насли наврас вазифаи аввалиндараҷа ва доимии давлат ва ҷомеа, аз ҷумла соҳибкорону тоҷирон, шахсони саховатпеша ва падару модарон мебошад.

Мо бояд коре кунем, ки дар ояндаи наздик ягон фарди ҷомеаи мо, аз ҷумла ҷавонон бе касбу кор намонанд. Ба ин хотир, зарур аст, ки ҷиҳати пурзӯр ва самаранок гардонидани фаъолияти марказҳои касбомӯзӣ ва коллеҷу ҳунаристонҳо тамоми имкониятҳо сафарбар карда шаванд.

Ҳамчунин ба шумо – фарзандони азиз, ки соҳибони ояндаи халқу Ватани азизамон мебошед, муроҷиат карда, таъкид месозам, ки бояд ҳарчи бештар ба омӯзиши илмҳои замонавӣ, азхудкунии воситаҳои техникиву технологияҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ва муҳимтар аз ҳама, дар сатҳи баланд омӯхтан ва риояву ҳифз кардани тозагии забони зебо ва ширину шоиронаи тоҷикӣ ва забонҳои хориҷӣ машғул шавед ва итминон дошта бошед, ки манфиати заҳмати имрӯза ва фоидаи донишҳои омӯхтаатонро баъди чанд сол ҳатман мебинед.

Вазифаи шумо имрӯз бо баҳои хубу аъло хондан, эҳтироми падару модар ва калонсолонро ба ҷо овардан, риоя кардани қоидаҳои одоб ва муоширати неки миллӣ, дӯст доштани Ватани соҳибистиқлоламон – Тоҷикистони азиз ва ба хизмати он омода шудан мебошад.

Бо ҳамин ниятҳои нек дар фарҷоми сухан бори дигар ҳамаи шумо - устодону хонандагон, падару модарони арҷманд ва ҳозирини гиромиро ба муносибати ифтитоҳ гардидани хобгоҳи навбунёди мактаби Президентӣ табрик гуфта, дар таҳсилу фаъолияти минбаъдаи ҳар кадоматон комёбиву барори кор орзу менамоям.

Ҳамеша хушбахту хонаобод бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520