Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ

24.05.2019 12:20

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ барқияи табрикӣ фиристоданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Лутфан табрикоти самимии моро ба муносибати пирӯзии ҳизбатон дар интихоботи сартосарии парлумонии Ҳиндустон бипазиред.

Тайи солҳои охир мо шоҳиди онем, ки Ҳиндустон таҳти роҳбарии Шумо дар роҳи расидан ба ҳадафи наҷибонаи дастёбӣ ба мақоми пешвоӣ дар соҳаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ собитқадамона пеш рафта, ба комёбиҳои назаррас ноил гардида истодааст. Ҳамзамон Ҳиндустон дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хоссаро пайдо карда, имрӯзҳо дар ҳалли масъалаҳои умдаи глобалӣ иштироки фаъол дорад.

Ҷониби Тоҷикистон умед ба он дорад, ки Шумо, Ҷаноби Олӣ, ба ҳайси Сарвазири Ҳиндустон дар оянда низ саъю кӯшишҳои худро ҷиҳати рушду таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни ду кишвари ба ҳам дӯсти мо дареғ нахоҳед дошт.

Бо ибрози омодагӣ ба идомаи раванди муколамаи созандаи ҷонибҳо дар ҳамаи сатҳҳо ба манзури таҳкими ҳамдастиву эътимоди сиёсии миёни ду давлат изҳори итминон менамоям, ки мо бо талошҳои муштарак ҳамёрии кишварҳоямонро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ба зинаҳои боз ҳам баландтар хоҳем баровард.

Аз фурсати нек истифода бурда, ба Шумо саломатии комилу саодат ва дар роҳи таъмини рифоҳу шукуфоии ҷомеаи Ҳиндустон комёбиҳои рӯзафзун орзумандам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520