Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

08.06.2012 20:00, шаҳри Душанбе

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарони идораҳои назди ҳукумат, масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони дахлдор машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат, асосан масоили вобаста ба татбиқи амалии натиҷаҳои сершумору пурарзиши сафари Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони сохторҳои дахлдор дастур дод, ки барои татбиқи босамари тавофуқоти зимни ин сафар ҳосилшуда нақшаи чорабиниҳо таҳия карда, пешниҳод намоянд.

Тавре зикр гардид, тайи ин сафар танҳо бо ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 10 санади нав доир ба ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёту роҳсозӣ, геология, кишоварзӣ, бонкдорӣ ва ѓайра ба имзо расид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520