Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия Рустам Минниханов

19.03.2019 16:43, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия Рустам Минниханов, ки ба Тоҷикистон бо сафари корӣ ташриф овардааст, мулоқот намуданд.

Маҷмуи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Россия дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла шарикии минтақавӣ бо Ҷумҳурии Тотористон қаноатбахш арзёбӣ карда шуд.

Бо назардошти шароит ва имкониятҳои мавҷуда соҳаҳои саноат, нақлиёту коммуникатсия ва комплекси агросаноатӣ аз самтҳои ояндадору тақвиятбахшандаи робитаҳои дуҷониба маънидод гардида, изҳори боварӣ карда шуд, ки бо сайъу талошҳои муштарак, хусусан робитаҳои мустақими доираҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ҳамгироии Тоҷикистон ва Тотористон ба сатҳу сифати беҳтар расонида мешавад.

Барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок, саноати нафту газ, коркарди маҳсулот, саноати вазбин, сабук, кимиёвию сохтмонӣ ва дорусозӣ ҳавасмандии зиёд зоҳир карда шуд.

Аз имконоти бузурги таъминоти бозорҳои Тотористон бо меваю сабзавот ва полизиҳои аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон ёдовар шуда, ҷонибҳо муҳимияти ҳамкориҳои байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Тотористонро дар соҳаи кишоварзӣ таъкид намуданд.

Баргузории форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Тотористон воситаи хуби густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ, бахусус сармоягузорӣ, истеҳсолоти саноатӣ, комплекси логистикӣ ва агросаноатӣ, бонкдорӣ, муҳоҷират ва тандурустӣ маънидод гардид.

Барои рушду тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ҳамчунин истифодаи имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, бунёд ва таъмини фаъолияти паркҳои технологӣ дар Тоҷикистон, таъсиси биржаҳои муштараки меҳнатӣ ва омодасозии мутахассисони соҳибтаҷриба барои соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон зарур шуморида шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба имкониятҳои фаровони рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сайёҳӣ, илму маориф ва фарҳанг табодули афкор намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520