Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурўҳ нафаронеро, ки барои таъин ба вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Бонки давлатии амонатгузории Амонатбонк пешниҳод шудаанд, барои сўҳбат ба ҳузур пазируфт.
Зимни сўҳбат таваҷҷўҳи асосӣ ба муборизаи беамон бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои муташаккил, коррупсионӣ ва вобаста ба маводи мухаддир зоҳир карда шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз супоришҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парлумони мамлакат омада буданд, хусусан оид ба амалҳои коррупсионӣ ва эътибор додан ба арзу шикоятҳои мардум, ёдовар шуда, онҳоро дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулият ба хизмати содиқона бо дасту дилу нияти пок ба нафъи халқу Ватан ҳидоят намуд.