Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ва “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” (Солномаи Пешвои миллат – 2018)

17.01.2019 09:57, шаҳри Душанбе

СИЁСАТИ ДОХИЛӢ

Соли 2018 миллати тамаддунофари тоҷик 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда таҷлил намуданд. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ мардуми шарафманди ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи сиёсати созанда ва амалӣ кардани ҳадафҳои неки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри ободии сарзамини аҷдодӣ ва ба давлати пешрафтаву рушдёбанда мубаддал гардондани Ватани хеш талошҳои арзишманд ба харҷ доданд.

Соли 2018 чун солҳои пешин бо як қатор чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ барои шаҳрвандони кишвар соли бобарор, таърихӣ, хотирмон ва пур аз руйдодҳои фараҳбахш буд.

Оғози татбиқи Даҳсолаи нави байналмилалии “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” - ташаббуси чоруми Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти марбут ба оби ошомиданӣ ва ба фаъолият оғоз кардани агрегати аввали Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аз руйдодҳое мебошанд, ки дар китоби таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин навишта шудаанд. Ин ду падидаи нек бори дигар Тоҷикистон ва мардуми бофарҳанги тоҷикро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати бунёдкор ва ботадбир муаррифӣ кард.

Аз нав ва дар сатҳи баланди дӯстию ҳамкорӣ ва шарикии стратегӣ ба роҳ мондани муносибатҳои бародарию ҳамсоягии Тоҷикистону Ӯзбекистон, баргузории Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028”, Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез”, Мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳод, Ҷаласаи шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе ва таҷлили 25 - солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чорабиниҳои хотирмони соли 2018 маҳсуб меёбад.

22 декабри соли 2017 зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 - ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карданд. Аз 29 декабри соли 2017 таҳти рақами 977 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намудани соли 2018 ба тасвиб расид. Ҳадафи ин тадбир тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ, инчунин мусоидат кардан ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

Соли 2018 таҳти сарварӣ ва ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030, барномаҳои давлатӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва дигар нақшаҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ пешравиҳои муҳиму назаррас ба амал омад.

Дар натиҷаи амалӣ намудани вазифаҳои дар Паёми соли 2017 баёншуда соли 2018 рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 7,3 фоиз ҷамъбаст гардида, таваррум дар сатҳи 5,4 фоиз нигоҳ дошта шуд.

Пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, бахусус, бахшҳои истеҳсолӣ таъмин гардида, зиёда аз 150 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода шуданд ва дар се соли охир шумораи шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 25 фоиз кам гардид.

Даромади пулии аҳолӣ 11 фоиз зиёд шуда, ҳаҷми пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар нисбат ба соли гузашта 9 фоиз афзуд ва сатҳи камбизоатӣ то 29,5 фоиз коҳиш ёфт.

Дар соҳаҳои иҷтимоӣ тамоюлҳои мусбат идома пайдо карда, аз ҷумла нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ ба 75 сол расид.

Дастовардҳои мамлакат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ нишон медиҳад, ки роҳбарияти давлату ҳукумат барои рушду тараққиёти ҷумҳурӣ тамоми имкону захираҳоро сафарбар кардаанд, то ин ки тавассути таҳия ва татбиқи барномаҳои пурсамари давлатӣ, аз қабили стратегияҳои миллии рушд, ба комёбиҳо ноил гарданд.

Ислоҳоти иқтисодии тайи солҳои охир амалишуда ба беҳтар гардидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла сармояи мустақим мусоидат карда истодааст.

Ҳоло дар кишвар татбиқи 70 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 30 миллиард сомонӣ идома дорад.

Дар 10 соли охир ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 33 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардидааст, ки қисми зиёди он ба рушди соҳаҳои энергетика, алоқа, сохтмон, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок ва бунёди инфрасохтор равона шудааст.

Барои ба кишвари тараққикардаву аз ҳар ҷиҳат пешрафта мубаддал кардани Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои расидан ба орзуҳои некро интихоб намуданд, ки инҳо баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.

Баҳри татбиқи пурраи ин ҳадафҳои стратегӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 гомҳои устувор гузошт.

Иқдоми саноатикунонии мамлакат, яъне аз давлати аграрӣ ба индустриалӣ - аграрӣ мубаддал гардондани Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Пешвои миллат пеш гирифта шудааст, ба таври матлуб дар амал татбиқ мешавад.

Дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 то 17,3 фоиз афзоиш ёфт.

Дар робита ба ин ва бо дарназардошти аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шуд.

Вобаста ба ин, бояд то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 фоиз расонида шавад.

Дар соли 2018 барои саноатикунонии кишвар аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бунёди Корхонаи саноатии “Комбинати ғанигардонии маъдани нуқра” дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ифтитоҳи навбати дуюми Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳҳомии пушидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил”, оғози сохтмони корхонаи бузурги саноатӣ дар мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ ва дар пойтахти мамлакат гузоштани санги асос дар масоҳати 9 гектар барои бунёди 9 корхонаи истеҳсолӣ, заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.

Дар самти расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ бо истифода аз тамоми имконияту захираҳои гидроэнергетикии мамлакат, дар доираи “Барномаи давлатии дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ дар давоми солҳои 2009 - 2020” ва стратегияи миллии рушд бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат тадбирҳои мушаххас амалӣ мегардад.

Айни ҳол таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” ба маблағи 1,3 миллиард сомонӣ идома дорад ва соли 2019 таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии “Қайроққум” дар ҳаҷми 1,9 миллиард сомонӣ ва марҳалаи якуми таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии “Норак” ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ оғоз мегардад.

Баъди таҷдиди пурра тавоноии ин се нерӯгоҳ нисбат ба ҳаҷми воқеии имрӯзаи онҳо, дар маҷмӯъ, 840 мегаватт афзоиш меёбад.

Барои боз ҳам устувор гардонидани низоми энергетикии кишвар кор доир ба татбиқи лоиҳаи минтақавии САSA-1000 оғоз гардидааст, ки маблағи умумии он қариб 11 миллиард сомонӣ (қисми Тоҷикистон 3,4 миллиард сомонӣ) буда, соли 2021 ба анҷом расонида мешавад.

Ҳамчунин, худи ҳамин сол барои фаъолияти самараноки нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дастгоҳи муосири тақсимкунандаи элегазӣ, яъне зеристгоҳи барқӣ ба маблағи 530 миллион сомонӣ, хатҳои интиқоли барқи 500 - киловолта дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (“Душанбе - Роғун ”) ба маблағи қариб 750 миллион сомонӣ ва 220 - киловолтаи “Айнӣ - Рӯдакӣ” ба маблағи 250 миллион сомонӣ ба истифода супорида шуданд.

Соли 2018 бо иштироки Бунёдгузори Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати якум ба кор дароварда шуд. Аввалин нерӯ, рушноӣ ва гармии ин иншооти тақдирсоз ба хонадони мардуми тоҷик ворид гардид.

Соли 2018 ҳамчунин дар ноҳияи дурдасти Мурғоб Нерӯгоҳи барқи обии “Тоҷикистон” бо иқтидори 1500 кВт, ба истифода дода шуда, баъди таҷдид агрегати 5 - уми Нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” ба фаъолият оғоз кард.

Дар самти аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва бо мақсади осон гардонидани рафтуомади воситаҳои нақлиёт ва мусофирон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола аз буҷети давлат барои таъмиру таҷдиди роҳу пулҳо, сохтмон ва азнавсозии роҳҳои маҳаллӣ ва дорои аҳамияти байналмилалӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо менамояд. Давоми соли 2018 дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд қитъаи роҳи мошингарди “Деҳмой-Меҳробод-Маданият” ва дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои тобеъи марказ ва шаҳри Душанбе ба хотири истиқболи сазовори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо километр роҳҳои байнишаҳрӣ ва маҳаллӣ мумфарш карда шуд.

Дар роҳи татбиқи ҳадафи сеюм ва стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - таъмини амнияти озуқаворӣ тадбирҳои муассир андешида мешавад. Вобаста ба рушди соҳаи таъминкунандаи маводи ниёзи аввал аз ҷониби Президенти мамлакат барномаҳои гуногуни давлатӣ қабул гардиданд. Тавассути татбиқи барномаву стратегияҳои давлатӣ ба рушди соҳаи чорводорӣ, паррандапарварӣ, моҳидорӣ, занбуриасалпарварӣ, тухмипарварӣ, бунёди боғҳои нав, ба гардиш даровардани заминҳои кишт, обёрии заминҳо, содироти меваю сабзавот, хушкмеваҳо ва таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ заминаҳои мусоид фароҳам омад. Бо бунёди корхонаҳои истеҳсолии саноатӣ шумораи зиёди ҷойҳои корӣ таъсис дода шуд. Баробари ифтитоҳи корхонаҳо дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва дигар гушаҳои кишвар акнун коркарди ашёи хом то ҳадди ниҳоӣ - маҳсулоти тайёр ба роҳ монда шуд. Вобаста ба талабот ба ҳосили сабзавоту полезӣ, меваю хушкмеваҳо, асали хушсифат ва дигар маҳсулоти ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгу, содироти ин маҳсулот ба хориҷ хуб ба роҳ монда шуд.

Инсон дар сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат мавқеъи хоса дорад. Нишондиҳандаҳои рушди неруи инсонӣ аз се самти асосӣ - дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустиву дарозумрӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ иборат мебошанд. Ҳукумати мамлакат барои беҳтар шудани вазъ дар самтҳои мазкур барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои иловагиро амалӣ карда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти мамлакат иброз доштанд, ки қисми даромади буҷети давлатӣ аз 6,5 миллиард сомонии соли 2010 дар соли 2019 ба 24 миллиард сомонӣ расонида мешавад, ки афзоиши он қариб 4 баробар ва ҳиссаи хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ 43,7 фоизро ташкил медиҳад.

Дар буҷети соли 2019 нисбат ба соли 2018 ба соҳаҳои фарҳангу варзиш 17,3 фоиз, илму маориф 14, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 9,5 ва тандурустӣ 7,2 фоиз зиёд маблағ равона карда мешавад.

Тибқи нақшаҳои тасдиқшуда дар соли 2019 афзоиши қисми даромади буҷети давлатӣ нисбат ба соли 2018 13 фоиз, суръати рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз 7 фоиз ва таваррум дар сатҳи на зиёда аз 7 фоиз таъмин гардида, даромади пулии аҳолӣ на кам аз 10 фоиз афзоиш меёбад.

Дар соҳаи маориф ҳадафи стратегии сиёсати иҷтимоии давлат ба он равона гардидааст, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ танҳо ба омӯзиши назариявии фанҳои алоҳида маҳдуд нашуда, дар баробари корҳои амаливу озмоишӣ, инчунин, бояд соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир бошанд.

Дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ислоҳот бомаром идома ёфта, дар натиҷаи мунтазам афзудани маблағгузорӣ даҳҳо муассисаҳои нави тандурустии дорои таҷҳизоти замонавии тиббӣ мавриди истифода қарор гирифта, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар шуда истодааст.

Дар соҳаи фарҳанг мақсаду вазифаҳо бештар ба масъалаҳои ташаккули маънавиёт, омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги гузаштаву муосири халқи тоҷик, баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, инчунин дар тафаккури мардум ва махсусан, наврасону ҷавонон густариш додани эҳсоси эҳтиром ба муқаддасоти милливу рамзҳои давлатӣ равона мегарданд.

Соли 2018 шаҳрвандони кишвар бо ҷонибдорӣ аз сиёсати роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ, бо иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷамъӣ, саъю талоши аҳлона, заҳмати содиқонаву софдилона, масъулияти баланд ва ташаббусҳои созанда дар корҳои бунёду барқарор кардани боғҳои наву куҳна, сохтмони марказҳои фарҳангию фароғатӣ, мактабҳо, марказҳои саломатӣ, майдончаҳои варзишӣ, ободонии маҳалҳо, кӯчаву хиёбон, бахусус ба шаҳри зебо табдил додани пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе, саҳми босазо гузоштанд.

Рӯйдоди муҳиму хотирмони дигар, ки охири соли 2018 ба вуқуъ пайваст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Паём ҳамчун як барномаи мукаммали фаъолияти минбаъдаи кормандони тамоми сохторҳо, инчунин сокинони ҷумҳурӣ мебошад, зеро Сарвари давлат дар он ба таври мушаххас ва возеҳу равшан тамоми тадбирҳоро баҳри ба давлати пешрафта мубаддал кардани сарзамин нишон додаанд.

19 декабри соли 2017 таҳти рақами 968 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расид, ки тибқи он соли 2021 дар саросари кишвар ин иди умумимиллӣ бояд дар сатҳи баланд ва бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардад.

Ба андешаи Президенти мамлакат Истиқлолияти давлатӣ яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллии мардуми тоҷик мебошад, аз ин ру баҳри гиромидошти муқаддасоти сарзамини аҷдодӣ ва таҷлили бошукуҳи он бояд тадбирҳои мушаххас амалӣ гардад.

Дар асоси супориши Сарвари давлат барои дар сатҳи баланди ташкилӣ истиқбол гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия ва аз ҳисоби аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ дар ҳама шаҳру ноҳияҳо шахсони мутасаддӣ таъин карда шуд. Шуруъ аз рӯзҳои аввали ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони ватандӯст баҳри ободонии диёр ва маҳалли хеш иқдомҳои шоистаро амалӣ менамоянд.

Ҷараёни татбиқи Фармон зимни сафарҳои корӣ аз ҷониби Сарвари давлат натиҷагирӣ карда мешавад.

Давоми соли 2018 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири шиносоӣ бо шароити зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти нави таъиноти гуногун ва бо мақсади оғоз бахшидан ба корҳои ободонӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафарҳои корӣ анҷом доданд. Аз ҷумла, моҳи сентябр ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, моҳҳои март, июн ва октябр ба вилояти Суғд, моҳҳои апрел, июн, сентябр ва ноябр ба вилояти Хатлон, моҳи июл ва декабр ба ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе.

 Ҳар як сафари Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳо муждаи ободонию созандагӣ буда, мулоқоту суҳбатҳои самимии Сарвари давлат бо мардум рӯҳияи онҳоро барои ба мамлакати пешрафта мубаддал кардани Тоҷикистон баланд мебардорад.

Соли 2018 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба бо сафари корӣ ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.

Агар маротибаи аввал моҳи июл ҳадафи сафари кории Сарвари давлат шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, аз ҷумла бунёди сарбанди Нерӯгоҳ, ифтитоҳи марҳилаи аввали хати конвейерӣ, иншооти Сойи оби шӯр ва садди муҳофизатӣ, рафти корҳои арматурбандӣ ва бетонрезӣ дар қитъаи гузариши нақбҳои сохтмонии СТ-1 ва СТ-2, бинои идоракунии нерӯгоҳ, корҳои берунаи бинои таҷҳизоти элегазии тақсимкунандаи барқ, рафти корҳо дар толори мошинҳо ва бинои трансформаторҳо бошад, пас зимни сафари дуюм моҳи ноябр Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” - ро ба кор андохтанд.

16 ноябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маҳалли сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ-и “Душанбе-Роғун”-ро бо пахши васлак ба истифода дода, орзуву омоли деринаи миллати тоҷикро ҷомаи амал пӯшониданд. Хатти баландшиддат дар доираи лоиҳаи “Барқарорсозӣ ва сохтмони хати баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ” амалӣ шуда, арзиши умумии тарҳ 650 миллион сомонӣ мебошад.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” оғози расмӣ бахшиданд. Дар ин иншооти болопӯшида 19 адад дастгоҳи элегазии 500 кВ ва 4 дастгоҳи элегазии 220 кВ насб гардидааст. Интиқоли неруи барқ аз ин иншоот ба системаи ягонаи энергетикии мамлакат тавассути шаш хати барқи ҳавоии 500 кВ сурат мегирад. Ҳамчунин аз таҷҳизоти мазкур тавассути як хати дузанҷираи 220 кВ то зеристгоҳи барқии шаҳри Роғун неруи барқ интиқол дода хоҳад шуд.

16 ноябри соли 2018 дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди муҳиму тақдирсоз ба вуқуъ пайваста, қадами устуворе барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ гузошта шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ба кор андохтани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба фаъолияти ин иншооти бузурги аср, ки ба рушду тараққиёти кишвар мусоидат хоҳад кард, оғоз бахшиданд. Баъди ба кор даровардани агрегати якум неруи барқи “Роғун” ба системаи умумии энергетикии мамлакат интиқол дода шуд. Акнун равшанию гармии кохи нури Тоҷикистон - Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба хонадони тоҷикистониён ворид гардид. Мардуми шарафманди тоҷик ин рӯзро бесаброна интизор буданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани аввалин агрегати неругоҳ таъкид доштанд, ки “расидан ба ин рӯзи некро тамоми сокинони Тоҷикистон солҳо интизор буданд ва фарзандони бонангу номуси Ватан - мутахассисону сохтмончиёни баландихтисос барои наздик овардани чунин рӯзи таърихӣ шабонарӯз заҳмат кашиданд. Яъне имрӯз рӯзи равшаниву нур ва расидан ба ормонҳои миллӣ мебошад”.

Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, пуриқтидортарин иншоотҳои силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш, аз 6 агрегат иборат аст, ки тавоноии ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Нерӯгоҳи “Роғун” бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт - соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд. Ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии Нерӯгоҳи барқи обии “Норак” якуним баробар зиёд мебошад.

“Роғун” - ро Сарвари давлат ҳаёту мамоти мардуми Тоҷикистон номидаанд. Ба фаъолият оғоз кардани неругоҳ рӯйдоди муҳим дар таърихи давлатдории миллати тоҷик аст ва он дар китоби таърихи миллати мо бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд. Зеро барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи неругоҳ эҳтиёҷи ба барқ доштаи Тоҷикистонро комилан конеъ карда, барои инкишофи иқтисодиёти кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.

Ба таъкиди коршиносони байналмилалӣ ибтикори Сарвари давлати Тоҷикистон дар бунёди Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” паёмади шуҷоати фитрӣ, истеъдоди камназири кишвардорӣ, муҳаббати бепоён ба халқу Ватан ва талошҳои хастанопазир барои зиндагии беҳтару шоистаи мардум мебошад, ки нафақат истиқлолияти энергетикии мамлакатро таъмин мекунад, дар иқтисодиёти миллӣ ҷаҳишҳо ва пешрафтҳои беназирро ба амал меоварад, балки ба сифати ғояи ҳаётбахши умумимиллӣ ваҳдату иттиҳоди халқи Тоҷикистонро аз азамату пойдории бештаре бархурдор менамояд.

14 ноябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ба фаъолият оғоз кардани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба беш аз 100 нафар мутахассисони касбу кори гуногуни арсаи нангу номус мукофотҳои давлатӣ супориданд.

Дар маросими навбатии супоридани мукофотҳои давлатӣ аз корманди оддӣ сар карда, то экскваторчӣ, васлгару ронанда, нақбкану кафшергар, пармагару барқчӣ, дуредгару муҳандис ва роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ иштирок доштанд, ки дар қитъаҳои гуногуни ҷабҳаи нангу номус бо садоқат ба давлату миллат заҳмат мекашанд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии сохтмончиёни Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун”” барои дастовардҳои баланди истеҳсолӣ, фаъолияти самаранок ва саҳми арзанда дар бунёди Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” коргарон бо Ордени “Шараф дараҷаи 2”, Медали “Хизмати шоиста” ва “Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадр карда шуданд.

Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби Бунёдгузори Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳ ба 22 ҳазор нафар коргарон тӯҳфаҳои арзишманд - соатҳои дастӣ такдим карда шуд.

Соли 2018 дар баробари рушду пешрафти минтақаҳои гуногуни кишвар таваҷҷуҳ ба ободонию тараққиёти пойтахти ҷумҳурӣ бештар гардида, барои ба як маркази муосири маъмуриву фарҳангии Тоҷикистон мубаддал гардонидани шаҳри Душанбе иқдомҳои шоиста роҳандозӣ карда шуд.

Ҳукумати мамлакат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ вобаста ба ободу зебо гардонидани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти давлати тозаистиқлол тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида, барои ба марҳалаҳои нави рушди иқтисодиву иҷтимоии расонидани пойтахт заминаҳои созгор фароҳам овардааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ҳамчун соҳаи пешбарандаи ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамоянд ва бунёду навсозии муассисаҳои таълимии муосир низ аз ҷумлаи иқдомҳое мебошад, ки барои таъмини пешрафти соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат амалӣ карда мешаванд. 

Вусъати бесобиқаи тадбирҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Душанбе тайи солҳои охир имкон фароҳам овардааст, ки бо бунёд ва навсозии иншооти гуногун симои пойтахти азизамон шаҳри Душанбе куллан тағийр ёфта, дар мавзеъҳои зиёди фарҳангию фароғатӣ барои сокинону меҳмонон хизматрасонии босифат ба роҳ монда шавад.

Дар кӯтоҳтарин муҳлат кӯчаву хиёбонҳо, мавзеъҳои фарҳангию фароғатӣ ва гулгаштҳо дар шаҳри Душанбе комилан навсозӣ шуда, барои баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ низ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

Дар давоми наздик ба 2 соли охир дар шаҳри Душанбе 4 боғи фарҳангу фароғатӣ, 47 гулгашт ва майдончаҳои зиёди варзишӣ бунёд ва навсозӣ гардиданд, ки феълан сокинони пойтахт аз ин шароити муҳайёкардашуда ба таври васеъ истифода мебаранд.

9 ноябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар бинои нави маъмурии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур бинои Маркази муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо лоиҳаҳои иншооти нав, аз қабили биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмурӣ, таълимӣ ва марказҳои муосири савдою хизматрасонии дар кӯчаи Садриддин Айнӣ аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то буриши кӯчаи Дӯстии халқҳо бунёдшаванда ва дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо лоиҳаҳои бунёди муассисаҳои таълимии муосир шинос шуда, барои оғози корҳои сохтмонӣ дар 7 мактаби нав санги асос гузоштанд.

Як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 2560 нафар дар ду баст дар маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Сино, мактаб бо 2560 ҷой дар ҳудуди тараққиёти шаҳри Душанбе, мактаб бо 2560 ҷой дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, мактаб бо 2400 ҷой дар маҳаллаи 65 - уми ноҳияи Фирдавсӣ, мактаб бо 2400 ҷой дар маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе, Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53 бо 2400 ҷой дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 бо 2400 ҷой дар ду баст дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бунёд карда мешавад. Дар маҷмуъ аз ҷониби Пешвои миллат барои оғози корҳои сохтмонӣ дар 7 мактаб бо 17 ҳазору 80 ҷойи нишаст санги асос гузошта шуд. Айни ҳол дар шаҳри Душанбе бунёди боз панҷ мактаби муосири дигар идома дорад.

Мавриди зикр аст, ки бо ташаббус ва ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ 22 мактаби наву замонавӣ бо 30 ҳазор ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода дода мешавад, ки ин талаботи ноҳияҳои пойтахтро барои бо ҷойи нишаст таъмин кардани хонандагон пурра қонеъ мегардонад.

Бунёди муассисаҳои нави таълимӣ дар пойтахт аз ҳадафҳои сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои таъмини хонандагон бо шароити муосири илмомӯзӣ ва беҳтар кардани сифати таълиму тарбияи насли навраси кишвар мусоидат мекунад.

Мавриди зикр аст, ки тайи беш аз як соли фаъолияти пурсамар ва созанда бо ташаббус ва роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти Тоҷикистони биҳиштосо симои тоза гирифт. Дар як муддати кутоҳ дар шаҳри Душанбе даҳҳо иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла мактабҳо, иншооти маъмурӣ, майдончаҳои варзишӣ, боғҳо, гулгашту хиёбонҳо ва дигар марказҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд шуданд. Ҳамаи ин тадбирҳои созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба хотири татбиқи сиёсати бобарор ва созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои неки Президенти мамлакат амалӣ мегарданд.

26 декабри соли 2018 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор шуд, ки дар он Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат таъкид доштанд, ки соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд.

Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид.

Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ - истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳалли масъалаҳои дар тӯли зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯйдоди сеюми таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардум мебошад.

Бо мақсади ба як кишвари индустриалӣ мубаддал кардани Тоҷикистон ва бо дарназардошти афзоиши ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ Президенти мамлакат саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон карданд.

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳаммияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшид, вале барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда, муаррифии пурраи имкониятҳои сайёҳии кишвари мо, эҳё ба рушди ҳунарҳои мардумӣ як сол басанда нест.

Аз ин ру зимни ироаи Паём Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карданд.

28 декабри соли 2018 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлиси ҳукумат масъалаҳо “Дар бораи Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019”, Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019” ва Оид ба таҳияи нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2020-2022 ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020” баррасӣ гардид.

28 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ чун анаъанаи накуи башардӯстӣ аз Муассисаи давлатии таҳсилоти умумии асосӣ - Мактаб интернати рақами 1 барои кӯдакони ятими шаҳри Душанбе, ки аз таъмири асосӣ бароварда шудааст, боздид ба амал оварданд.

Дар ин ҷо Сарвари давлат нахуст бо шароити таълим ва зисти бошандагони мактаб - интернат шинос шуда, бо хонандагон суҳбати самимӣ доир карданд.

Дар арафаи соли нави мелодӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи наврасони ин даргоҳи умед туҳфаҳои арзанда, аз қабили сару либоси зимистона, шириниҳо ва дигар лавозимоти хониш тақдим карданд.

 Синфхонаҳо бо гармӣ таъмин шуда, ба мактаб - интернат як адад автобуси нав, барои ҳамаи синфхонаҳо тахтаи электронӣ ва компютерҳои навтарин тақдим гардид. Дар ҳудуди мактаб - интернат ду майдончаи муосири варзишӣ бунёд карда шуд. Дар рафти корҳои таъмиру азнавсозӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ бо маблағи зиёда аз 6 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ҳудуди муассиса дар масоҳати 700 метри мураббаъ мумфарш, ошхонаи наву замонавӣ бо 450 ҷойи нишаст таъмир, барои 500 нафар мизу курсиҳо таъмин ва толори барҳавои маҷлис бо 350 ҷой бо нақшу нигори миллӣ ва гаҷкорӣ оро дода шуд.

31 декабри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми телевизионӣ кулли мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфтанд.

СИЁСАТИ ХОРИҶӢ

Соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва дарёфти роҳҳои нави рушду густариши робитаҳои гуногунҷанба бо кулли кишварҳои олам, инчунин иштирок дар ҳамоишҳои сатҳи баланд ба як қатор мамлакатҳои хориҷи дуру наздик сафарҳои давлатӣ, расмӣ ва корӣ анҷом доданд.

Аз ҷумла, сафари ҷавобии давлатӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 3 сафари расмӣ ба ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Озарбойҷон ва кишвари Япония, 7 сафари корӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Туркманистон.

Дар доираи ин сафарҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони давлатҳо, намояндагони воломақоми кишварҳо, роҳбарони ташкилотҳои бонуфузи олам мулоқотҳои судманд анҷом дода, аз минбари баланди созмонҳои ҷаҳонӣ бо пешниҳодҳои созанда баҳри ҳалли мушкилоти глобалӣ, суханронӣ кардаанд.

Ҳамчунин давоми соли 2018 сарони як қатор давлатҳо бо сафарҳои ҷавобии давлатӣ ва расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков бо сафари расмӣ, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн бо сафари расмӣ, Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд бо сафари давлатӣ ва Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омаданд.

Аз рӯи натиҷаи мулоқоту вохӯриҳо дар доираи сафарҳои давлатӣ ва расмии Сарвари давлат дар кишварҳои хориҷ ва ташрифи сарони давлатҳо ба Тоҷикистон даҳҳо санадҳои муҳими ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои гуногун танзим менамоянд.

Аз 20 то 23 март Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафар корӣ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка қарор доштанд.

Натиҷаи бобарори ин сафар, ки боиси муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор гардид, ҳамин буд, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари олии Созмони Милали Муттаҳид бо ҳузури хеш Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”-ро расман оғоз бахшиданд. Инак шуруъ аз 22 марти соли 2018 татбиқи ташаббуси чоруми Тоҷикистон оид ба ҳалли глобалии мушкилоти оби ошомиданӣ дар тамоми сайёра оғоз гардид.

Дар Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, Ноиби Президенти Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Маҳмуд Сайкал, инчунин дигар коршиносон, шаҳрвандони як қатор кишварҳо баромад карда, ба иқдоми эълони даҳсолаи нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҳамчун ташаббусҳои қаблӣ ба нафъи аҳли башар равона гардидааст, баҳои баланд доданд.

Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Ню - Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, Раиси ниҳоди “Созмони Милали Муттаҳид - Об”, Президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Ҷилберт Хунгбо мулоқот карда, дар чорабиниҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони “Об ва энергия: дарёфти алоқамандии байни Ҳадафҳои шашум ва ҳафтуми рушди устувор” ва дар чорабинии муштараки Тоҷикистон бо кишварҳои фаъол таҳти унвони “Амалҳои афзалиятнок дар соҳаи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим, коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ дар чаҳорчӯби Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иштирок ва суханронӣ карданд.

Зимни мусоҳиба бо хабарнигори телевизиони Созмони Милали Мутттаҳид Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафҳои асосии эълони ташаббуси навбатии Тоҷикистон вобаста ба ҳалли мушкилоти марбут ба об, аз ҷумла қабули Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, натиҷаҳои бобарору муваффақи ташаббусҳои қаблии кишвари мо, аз ҷумла “Соли байналмилалии оби тоза, 2003”, Даҳсолаи байналмилалии амалиёт “Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015” ва “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013”, андашеронӣ карданд.

22 март дар ҳошияи кушодашавии чорабинӣ бахшида ба Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню - Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка зери Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб имзо гузоштанд.

Ҳамин тавр Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб гардид.

Аз 8 то 11 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ бо мақсади иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор доштанд.

Дар ҷаласа масъалаҳои рӯзномаи корӣ, ки асосан аз дарёфти роҳҳои муҳиму муштараки муқовимат бар зидди терроризми байналмилалӣ, рушди ҳамкории давлатҳои аъзо дар самтҳои гуногуни амният, иқтисодиёт, ҳамкории фарҳангӣ ва гуманитарӣ, инчунин дигар мавзуъҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ иборат буд, мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Зимни баромади пурмуҳтаво Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба мавқеъи устувори ҷониби Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти глобалӣ, рушди ҳамкориҳои судманд бар нафъи кишварҳои аъзо, густариши робитаҳои зичи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, неруҳои мудофиавӣ, дарёфти роҳҳои ҳалли низоъҳои ҳарбӣ дар Афғонистон ба хотири таъмини амнияти минтақа, андешаронӣ карданд.

Пас аз анҷоми суханрониҳо аз тарафи сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар маҷмуъ 22 санади нави ҳамкорӣ қабул гардид.

Зимни ин сафар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсати муносиб бо сарони кишварҳои аъзо ва нозири Созмони Ҳамкории Шанхай дурнамои муносибатҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Аз ҷумла, чунин вохӯриҳои барои ҷонибҳо судманд бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди, сурат гирифт.

Дар музофоти Хэнани Чин бошад, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Губернатори вилоят Чен Рунер, Котиби Кумитаи ҳизбии вилояти Хенан Ван Гошен ва роҳбари Ширкати “Чайна глобал” Хуанг Ҷийен Ронг масъалаҳои ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистону Чинро баррасӣ карданд.

Рӯзҳои 10 - 11 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон қарор доштанд.

Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Октай Асадов, Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Наврӯз Исмоил оғлу Мамедов ва дигар намояндагони воломақоми ин кишвар мулоқотҳои судманд анҷом доданд. Баъди баррасии масоили рушду густариши ҳамкорӣ аз руи натиҷаҳои мулоқоти расмии дуҷониба Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон қабул гардида, 12 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

11 август дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Академияи дипломатии Озарбойҷон барои саҳми назаррас, талошҳову ташаббусҳо дар таъмини сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон, таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон ва рушди робитаҳои илмии муассисаҳои олии таълимии ду кишвар бо Унвони Олии “Доктори фахрӣ”- и Академияи дипломатии Озарбойҷон сарфароз гардонда шуданд.

Рӯзҳои 17 - 18 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари ҷавобии давлатӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор доштанд.

Натиҷаҳои ин сафар баҳри таъмиқи муносибатҳои бародарӣ, дӯстӣ, ҳамсоягӣ ва ҳамкорӣ барои мардумони тоҷику ӯзбек хеле бобарору хотирмон буд, зеро аз руи ҷамъбасти мулоқоту музокироти сатҳи олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев Изҳороти муштарак ва Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро имзо карданд. Акнун муносибатҳои ду давлат ба сатҳи шарикии стратегӣ баромад, ки тамоми паҳлуҳои робитаҳои ҳамкориро дар бар мегирад.

Соли 2018 барои мардумони Тоҷикистону Ӯзбекистон соли таърихӣ, бобарор ва фаромушнашаванда мебошад, зеро бо иродаи қавии сиёсӣ, хоҳишу талошҳо ва ташаббусҳои башардӯстонаи сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев муносибатҳои чандинасраи ду миллати бародар сатҳу сифат ва мазмуни навро касб карданд. Дарҳо, дилҳо ва оғушҳо барои ҳамдигар кушода шуд. Рафтуомади мардум, доду гирифт ва дигар муносибатҳои неки халқҳо аз нав эҳё гардид.

Дар ҷараёни мулоқоти хосаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои калидии ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардида, пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо 26 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар доираи сафари давлатӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдин Исмоилов ва Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов мулоқот карда, дар Намоишгоҳи молу маҳсулоти миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Истеҳсоли Тоҷикистон” бо муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо намунаи дастовардҳои арзандаи корхонаву ширкатҳои истеҳсолии Тоҷикистон, ки айни замон дар бозори минтақа ва ҷаҳон мавқеъи бештарро пайдо кардаанд, шинос шуданд.

Бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар Қасри ҳамоишҳои байналмилалии “Ӯзбекистон” таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” барномаи фарҳангӣ ва консерти тантанавии ходимони санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор шуд, ки тараннумкунандаи дӯстии мардумони Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад.

17 август дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев “Барои саҳми сазовори шахсӣ дар таҳкими робитаҳои бисёрасраи дӯстӣ, таъмиқи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, тавсеаи робитаҳои гуногунҷанбаи фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни халқҳои бародари ӯзбеку тоҷик, барои хизматҳои бузург дар рушди ҳамкории самарабахши ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба манфиати наслҳои имрӯзу оянда, ташаббусҳои самаранок барои таъмини сулҳ, амният ва субот дар минтақаи мо” бо Мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ордени “Эл Юрт Ҳурматӣ” сарфароз гардонида шуданд.

Зимни сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанг ва қадршиносии мардуми кишвари дӯсту ҳамсоя Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тошкент назди Муҷассамаи “Истиқлолият ва башардӯстӣ” ва дар шаҳри Самарқанд дар оромгоҳи нахустин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шодравон Ислом Каримов, гулчанбар гузоштанд.

Сафари давлатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баъди боздид аз расадхонаи ба номи Мирзо Улуғбек, Осорхонаи “Афросиёб”, Оромгоҳи Амир Темур ва майдони “Регистон” - и шаҳри бостонии Самарқанд ба анҷом расид.

Аз 2 то 5 октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ дар Япония қарор доштанд.

Дар доираи ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Императори Япония Акихито, Сарвазири Япония Синдзо Абэ, Раиси палатаи поёнии Парлумони Япония Тадамори Ошима, Роҳбари Агентии ҳамкории байналмилалии Япония (JICA) Синичи Китаока, бо доираҳои соҳибкории Япония ва дар шаҳри Киото бо Волии музофот Такатоши Нишивакӣ мулоқотҳои судманд анҷом дода, вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Япония бо иштирок ва дар ҳузури сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Синдзо Абэ маросими имзои ҳуҷҷатҳо сурат гирифта, 7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар доираи сафар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳрҳои Хиросима ва Киото боздид ба амал оварданд. Дар шаҳри Киото ва дар боғи Шинҷукуи шаҳри Токио Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар ба парвариши боғҳои дарахтони мевадиҳандаю сояафкан таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Зимни мулоқот дар Донишгоҳи Тсукуба бо қарори Шӯрои илмии донишгоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони “Доктори фахрии Донишгоҳи Тсукуба” сарфароз гардонда шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои суханронӣ дар назди устодону донишҷуён дар бораи санаҳои асосии таърихи навтарини Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумла таҷрибаи нодири сулҳофаринии он ва доир ба масъалаҳои мубрами минтақаи Осиёи Марказӣ ва вазъу дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ибрози андеша карданд.

Соли 2018 пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе макони баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва мизбони сарони давлатҳои кишварҳои хориҷ буд, ки бо мақсади анҷоми сафарҳои давлатӣ, расмӣ ва корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

1 феврал Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкории бисёрпаҳлӯи ду кишвар дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо ва дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб баррасӣ гардида, 9 санади нави ҳамкорӣ имзо шуд.

9 март Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Пазироии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев нишона аз анъанаҳои неки аҷдодии гиромидошти меҳмон, самимияти мардуми тоҷик ба муносибатҳои неки дӯстию хешутабории ду халқ, таваҷҷуҳ ба рушду густариш ва таҳкиму тавсеаи равобити барои ҳар ду ҷониб судманд мебошад.

Дар ҷараёни музокироти хоссаи сарони ду кишвар дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум, ки ба робитаҳои муосири байнидавлатии ду кишвар хос аст, масъалаҳои муҳимтарини рушду таҳкими ҳамкории дуҷониба дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак ба таври амиқ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мувофиқаҳои дар рафти музокирот бадастомада заминаи боэътимоди ҳалли маҷмӯи мушкилоти ҳалталабро, ки тайи ду даҳсолаи охир ба рушди табиии муносибатҳои ду кишвар монеа шуда буданд, фароҳам овард. Қариб ҳамаи масъалаҳои баҳсноки вобаста ба сарҳад ҳалли худро пайдо карданд ва ин воқеият ба ҷонибҳо имконият дод, ки Шартномаи дахлдорро дар ин хусус ба имзо расонанд. Қарор оид ба ҷорӣ намудани низоми рафтуомади бераводиди ҷонибҳо ба муҳлати то 30 рӯз натиҷаи дигари муҳими мулоқоти сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба шумор меравад.

Дар ин замина қарори ҷонибҳо оид ба марҳила ба марҳила барқарор кардани фаъолияти ҳамаи гузаргоҳҳо дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон низ муассир мебошад.

Аҳамияти барқарорсозии ҳаракат аз тариқи роҳи оҳани қитъаи Ғалаба - Амузанг махсусан таъкид гардид. Ин иқдом на танҳо таъсири бузурги иқтисодӣ хоҳад дошт, балки омили беҳбудии ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон хоҳад шуд, ки дар он зиёда аз сеюним миллион аҳолӣ зиндагӣ мекунад.

Қарордодҳои дар рафти гуфтушунид бадастомада ҳамчунин барои дар вақтҳои наздик барқарор кардани иртибототи ҳавоию автомобилӣ байни дигар шаҳрҳо бар иловаи хатсайри ҳавоие, ки феълан байни пойтахтҳои ҳар ду кишвар амал мекунад, заминаи заруриро ба вуҷуд меоранд.

Ҳамаи ин натиҷаҳо рафтуомади мутақобили шаҳрвандонро ба таври назаррас сабук гардонида, ҳамзамон ба минбаъд ҳам наздиктар шудани ду халқи бародар, баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангиву башарӣ ва дигар робитаҳои ҷонибҳо мусоидат менамояд.

Президентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон изҳори боварӣ намуданд, ки сафари имрӯза марҳалаи наверо дар муносибатҳои дуҷониба ҳусни оғоз бахшида, мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони ду кишвар раванди рушди мусбату созандаи онҳоро дар масири болоравии бебозгашт таҳким мебахшад.

Дар фарҷоми музокирот бастаи калонҳаҷми санадҳои дуҷониба, ки аз 27 созишнома иборат буда, аксари соҳаҳои калидии ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар бар мегиранд, ба имзо расид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Изҳороти муштараки ҷонибҳо дар хусуси таҳкими дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ва Шартномаи байнидавлатӣ оид ба қитъаҳои алоҳидаи Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ба имзо расониданд.

Дар доираи сафари давлатии сарвари кишвари ҳамсоя, Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ӯзбекистон иштирок карда, бо маҳсулоти беш аз 100 корхонаи ӯзбекистонӣ шинос шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев намоишгоҳро тамошо карда, барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, воридоту содироти маҳсулот ба кишварҳои ҳамдигар ва баҳри афзоиши ҳачми гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба соҳибкорон маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо пахши тугмаи рамзӣ гузаргоҳи байнидавлатии роҳи оҳани “Ғалаба - Амузанг”-ро ифтитоҳ намуданд. Ин гузаргоҳ вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистонро бо вилояти Хатлон пайваст мекунад.

Баъди солҳои тулонии баста будани қитъаи роҳи оҳани “Ғалаба - Амузанг” роҳи пайвасткунандаи қисмати ҷанубии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон имрӯз бо шарофати сиёсати неку хирадмандонаи сарони ду кишвари бо ҳам дӯсту ҳамсоя ифтитоҳ гардид. Имрӯзҳо мардумони мо ба марҳилаи нави муносибатҳои некбинона байни ду кишвар қадамҳои устувор мегузоранд. Ин иқдоми хирадмандонаи Сарони ҳарду кишвар ба рафтуомади озоду бемамонияти шаҳрвандон, тақвияти робитаҳои тиҷоратию фарҳангӣ, мустаҳкам гардидани робитаҳои дӯстии миллати шарафманди тоҷику ӯзбек, афзун гардидани гардиши молу коло, самаранок истифода бурдани захираҳои ҳарду кишвар ва дар маҷмуъ ба беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии арзандаю шоиста, заминаи воқеӣ мегузорад. 

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар бӯстонсаройи беруназшаҳрии “Варзоб”, воқеъ дар ноҳияи Варзоб бо табиати нотакрори ин мавзеъ ва дар шаҳри Душанбе толорҳои барҳавову зебо ва бо санъати асили миллӣ ороёфтаи Кохи боҳашамати Наврӯзро тамошо карда, шоми 9 март дар консерти тантанавии ходимони фарҳангу санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” иштирок намуданд.

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон давоми ду рӯз 9 ва 10 марти соли 2018 идома ёфта, зимни ин сафар беш аз 40 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар доираи сафари давлатӣ Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ӯзбекистон баргузор шуд.

Баргузории барномаи консертии устодони санъат ва ҳунармандони тоҷику ӯзбек таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” аз тадбирҳои муҳиму хотирмони фарҳангӣ буд, ки дар он Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев самимитарин суханонро дар бораи дӯстию бародарӣ, ҳамсоягӣ, таърихи муносибатҳои хешутабории ду мардум, инчунин кушодани дилҳо, дарҳо, сарҳадҳо ва оғуши гарми якдигар барои идомаи равобити ҳасана баён доштанд.

Барномаи рангину пурмуҳтавои консертии тараннумкунандаи дӯстию бародарии халқҳо бошад, муждаи оғози марҳилаи нави муносибатҳои неку бобарорро ба мардум расонд.

Рӯзҳои 14 то 16 май Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт. Зимни ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи олӣ бо иштироки Сарони давлатҳо ва ҳайатҳои васеъи расмии Тоҷикистону Белорус баргузор шуда, маҷмуъи васеи масоили ҳамкорӣ баррасӣ гардид.

Дар фарҷом аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки бахшҳои тиҷорату иқтисод, илму маориф, тандурустӣ саноат, мудофиаи гражданӣ, кишоварзӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва сармоягузориро дар бар мегиранд.

Руйдоди муҳими ин сафари расмӣ баргузории форуми соҳибкорони Тоҷикистон, Белорус, Афғонистону Ӯзбекистон, иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистону Белорус дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи молу маҳсулоти Белорус ва ба истифода додани марҳилаи аввали корхонаи муштараки тракторсозии Тоҷикистону Беларус дар шаҳри Ҳисор мебошад.

18 июн Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Баъди муҳокимаи робитаҳои ҳамкорӣ аз руи натиҷаҳои он барои рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ 3 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Мамнун Ҳусейн Изҳороти муштарак дар бораи “Тақвияти замина барои шарокати стратегӣ ҷиҳати ҳамгироии минтақавӣ” байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистонро ба имзо расониданд.

27 сентябр зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Душанбе бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Боғи “Низомиддин Алишер Навоӣ” ифтитоҳ гардид. Сарони давлатҳо аз Корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати Алюминийи Тоҷик” боздид намуда, корхонаи муштараки “ТАЛКО-КРАНТАС”-ро ифтитоҳ карданд.

Дар шаҳри Турсунзода сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар Хоҷагиҳои деҳқонии “Боғи Сомон”, “Ватан” ва “Ҳоҷӣ Неъмат” бо таҷрибаи пешқадами боғдорон барои парвариш ва нигоҳубини ангур шинос шуданд.

8 октябр дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шри Рам Натҳ Ковинд вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории ду кишварро баррасӣ карданд.

Аз руи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ 10 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки самтҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои идоракунии офатҳои табиӣ, истифодаи сулҳҷӯёнаи технологияҳои кайҳонӣ барои рушд, ҳамкорӣ дар масъалаҳои ҷавонон, дар соҳаи энергияи барқароршаванда, соҳаи кишоварзӣ ва соҳаи тибро танзим менамояд.

Соли 2018 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе 50 маротиба бо сарони давлатҳо, роҳбарону намояндагони воломақоми кишварҳо ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, ки бо сафарҳои давлатӣ, расмӣ ва корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, вохӯрию суҳбатҳои судманду созанда анҷом доданд.

Аз ҷумла, бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов, Роҳбари ширкати “Салини Импреҷило” (Salini Impregilo) Пиетро Салини, Президенти Ҷумҳурии Полша Анҷей Себастян Дуда, Дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Халил Иброҳим Акча, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Мамин, Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии созмон Владимир Воронков, Дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Томас Гремингер, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев, Вазири робитаҳои иқтисодӣ ва корҳои хориҷии Маҷористон Петер Сиярто, Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Мубашар Ҷовид Акбар, Намояндаи махсуси Давлати Қатар оид ба мубориза бо терроризм Мутлақ Ал-Қаҳтонӣ, Фармондеҳи Фармондеҳии марказии қувваҳои мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳидаи Америка Ҷозеф Вотел, 30 май бо Сардори Сарситоди муттаҳидаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Покистон генерали артиш Зубайр Маҳмуд Ҳаёт, Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев, сарони Ҳукуматҳо ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Луи Женмин, гуруҳи намояндагони доимии як қатор кишварҳои хориҷӣ дар назди Созмони Милали Муттаҳид, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер, Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва рушд Невен Мимитса, бо Роҳбари Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Синичи Китаока, Роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Япония Кейҷи Фуруя, Муовини Сардори Шӯрои марказии ҳарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сюй Тсилян, прокуророни генералии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхай, Раиси Кумитаи иҷроия - котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев, Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Сергей Румас, роҳбарони ҳайатҳои иштирокчии Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян, мулоқот карданд.

Соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба моҳҳои апрел ва ноябр аз 17 сафири навтаъиншуда эътимоднома қабул карданд.

13 апрел дар Қасри миллат 5 сафири навтаъйиншудаи кишварҳои хориҷ, сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҳасан Дилсуз оглу Маммедзаде, Ҷумҳурии Ӯзбекистон Эргаш Шоисматов, Ҷумҳурии Арабии Миср Иҳаб Аҳмад Талат Наср, Ҷумҳурии Словакия Ян Бори ва Ҷумҳурии Куба Эмилио Певида Пупо ва 20 ноябри соли 2018 сафирони фавқулодда ва мухтори Туркманистон Тогалаков Ҳемра Аманмамедович, Давлати Қатар Иброҳим Муҳаммад Абдураҳмон ал Абдулло, Иттиҳоди Аврупо хонум Мэрилин Йосефсен, Ҷумҳурии Финляндия хонум Маря Лиивала, Шоҳигарии Испания Давид Артуро Карриедо Томас, Ҷумҳурии Словения Бранко Раковетс, Ҷумҳурии Латвия Михаил Попковс, Ҷумҳурии Молдова Андрей Негутса, Малайзия Ҳенди Ассан, Ҷумҳурии Халқӣ - Демократии Корея Ким Хен Чжун, Ҷумҳурии Замбия Шадрек Лувита ва Ҷумҳурии Эл Салвадор Эфрен Арнолдо Бернал Чевез эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим карданд.

Соли 2018 дар Тоҷикистон бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ баргузор шуд.

14 март Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об (ПСБМО) Ҳуҷҷати ҷамъбастии “Ҳар як қатраи об қимат аст: Рӯзномаи амал барои об”-ро нашр намуд, ки тавсияҳои Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва ташаббусҳои онро дар самти ҳалли масъалаҳои об дар сатҳи маҳаллӣ, кишварӣ ва минтақавӣ, инчунин Рӯзномаи ҷаҳонӣ дар соҳаи рушдро фарогир аст. Бо назардошти нақши фаъол ва хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешниҳоди мушкилоти вобаста ба соҳаи об ба Рӯзномаи ҷаҳонӣ, аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват карда шуд, ки аъзои ин Панел гардад ва саҳми арзишманди худро дар масъалаҳои таъмини роҳбарии сиёсӣ барои пешбурди роҳи рушд ва идораи захираҳои обии ҷаҳонии ба ҳамкории муштарак асосёфта гузорад.

4 май дар Кохи Сомон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” иштирок ва бо нутқи пурмуҳтаво баромад карданд.

Дар кори конфронс муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид, Дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, намояндагони дигар ташкилоту созмонҳои бонуфуз иштирок карданд.

Конфронс бо ташаббуси навбатии ҷониби Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо ва шарикони дигар баргузор гардида, нишонаи омодагии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм ва пешгирии хатарҳо ва амният дар ҳамаи сатҳҳо мебошад.

Баъди анҷоми кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” Эъломияи Душанбе қабул гардид.

20 июн дар Кохи Сомони бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба кори худ оғоз кард.

Барои иштирок дар ин конфронс сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Покистон, Туркманистон, Афғонистон, беш аз 1500 коршинос аз зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон ва даҳҳо созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Мавриди зикр аст, ки даҳсолаи нави байналмилалӣ оид ба ҳалли мушкилоти оби ошомиданӣ ташаббус ва иқдоми чоруми созандаи ҷониби Тоҷикистон мебошад ва аз рӯйи он қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид бо ҷонибдории амиқи кулли кишварҳои аъзои ин созмони бонуфуз қабул шудааст.

Дар кори Конфронс иштирокчиён - роҳбарияти Созмони Милали Муттаҳид, коршиносони байналмилалӣ, сарони як қатор кишварҳои хориҷ ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон ва пешсафии он дар баррасии масоили глобалии вобаста ба об баҳои баланд доданд.

30 август дар арафаи таҷлили ҷашни умумимиллӣ - 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гуруҳ ходимони давлатӣ, намояндагони соҳаи илм, маориф ва фарҳанги Ӯзбекистони ҳамсояро бо мукофотҳои давлатии Тоҷикистон - Ордени “Исмоили Сомонӣ” дараҷаи II, Ордени “Шараф” дараҷаи I, Ордени “Дӯстӣ” ва унвони фахрии “Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон”, сарфароз гардониданд.

27 сентябр дар Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳои иштирокчии ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил “Шоми дӯстӣ” ташкил карда шуд.

Дар “Шоми дӯстӣ” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар якҷоягӣ бо меҳмонони олимақоми Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян дар Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сайру гашти шомгоҳӣ баромада, аз намоишгоҳи неъматҳои табии диёри биҳиштосои мо дидан намуданд.

28 сентябр дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кори худ шуруъ намуд.

Дар кори ҷаласа масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар доираи Иттиҳод, натиҷаи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳод ва мавзуъҳои асосии дигар, аз қабили қабули таъмини амният ва чораҷӯии фаврӣ бар зидди таҳдидҳои глобалӣ, аз қабили терроризм ва экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва паҳншавии ғайриқонунии силоҳ, ҳалли мушкилоти масъалаҳо оид ба таъмини амният дар қисми ҷанубии Иттиҳод, интихоби раёсати Иттиҳод дар соли 2019 ва дигар мавзуъҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ баррасӣ карда шуд.

Дар ҳошияи Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко масоили муносибатҳои ҳамкориро баррасӣ карданд.

12 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай роҳбарони ҳайатҳои иштирокчии Ҷаласаи Шӯро ва сохторҳои доимамалкунандаи Созмони Ҳамкории Шанхайро ба ҳузур пазируфтанд.

12 октябр дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки барои иштирок дар ин нишасти сатҳи баланд Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев, Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян, Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бакитжан Сагинтаев, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Муҳамметкалӣ Абилгазиев, Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Сушма Свараҷ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Мақдум Шоҳ Маҳмуд Курейшӣ, Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Сарвазири Ҷумҳурии Белорус Сергей Румас, Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай Рашид Олимов, Директори Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай Евгений Сисоев, намояндагони кишварҳои Эрону Муғулистон ва дигарон, ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Соли 2018 чун солҳои пешин бо як қатор чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ барои шаҳрвандони кишвар соли бобарор, таърихӣ, хотирмон ва пур аз руйдодҳои фараҳбахш буд.

Месазад бори дигар ёдовар шавем, ки оғози татбиқи Даҳсолаи нави байналмилалии “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” - ташаббуси чоруми Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти марбут ба оби ошомиданӣ ва ба фаъолият оғоз кардани Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аз руйдодҳои намоёну арзандаи сол мебошанд, ки Тоҷикистон ва мардуми бофарҳанги тоҷикро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати бунёдкор ва ботадбир муаррифӣ кард.

Аз нав ва дар сатҳи баланди дӯстию ҳамкорӣ ва шарикии стратегӣ ба роҳ мондани муносибатҳои бародарию ҳамсоягии Тоҷикистону Ӯзбекистон, баргузории конференсияҳои сатҳи байналмилалӣ ва таҷлили 25 - солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чорабиниҳои хотирмони соли 2018 маҳсуб меёбад.

Шуруъ аз соли 2018 ба хотири истиқболи сазовори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2021 таҷлил мегардад, бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе бунёди даҳҳо адад иншооти таъиноти гуногун оғоз шуд.

Соли 2018 таҳти сарварӣ ва ҳидоятҳои раҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи ҳадафҳои стратегии баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030, барномаҳои давлатӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва дигар нақшаҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ пешравиҳои муҳиму назаррас ба амал омад.

Умед аст, ки соли 2019 низ мардуми шарафманди тоҷик бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду пешрафти кишвари азизи хеш талошҳои бунёдкоронаро бо садоқат ба давлату миллат, идома медиҳанд.

Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА,
Самариддини АЙНИДДИН

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520