Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Муовини Сарвазир - Вазири корҳои хориҷии Албания Илир Мета

17.05.2010 17:00, шаҳри Душанбе

Зимни мулоқот бо Муовини Сарвазир - Вазири корҳои хориҷии Албания Илир Мета оид ба имконоти фарохи ташкил ва густариши ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ гуфтугўйи судманд сурат гирифт.

Барои ин муҳайё намудани заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ зарур шумурда шуд.

Илир Мета изҳор дошт, ки «Албания ба ташкил ва густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҳавасмандии зиёд дорад» ва таъкид намуд, ки «ба наздикӣ сафири нави Албания ба Тоҷикистон бо лоиҳаҳои як қатор санадҳои ҳамкории аз ҷониби кишвараш таҳиягашта ташриф меорад». Ў ҳамчунин таъкид дошт, ки «ҷониби Албания хоҳони рушди робитаҳо бо Тоҷикистон дар сатҳу зинаҳои гуногун, аз ҷумла дар сатҳи олии сиёсӣ мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520