Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири давлатии Туркия Ҷевдет Йилмаз

18.05.2010 12:50, шаҳри Душанбе

Дар бўстонсарои ҳукумати мамлакат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Вазири давлатии Туркия Ҷевдет Йилмаз мулоқот намуд, ки дар он масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Туркияро шарики боэътимоди Тоҷикистон номида, аз сатҳи имрўзаи муносибатҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ кард.

Бо ёдоварӣ аз шарикии анъанавии тиҷоратии ду кишвар таъкид гардид, ки тайи ду соли ахир ҳаҷми мубодилаи мол аз ним миллиард доллари амрикоӣ боло меравад.

Зикр гардид, ки имрўз дар Тоҷикистон даҳҳо ширкатҳои туркӣ дар бахшҳои тиҷорат, саноат, сохтмон ва хизматрасонӣ, аз ҷумла дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ ширкат меварзанд.

Ҷевдет Йилмаз изҳор дошт, ки Туркия омода аст ба Тоҷикистон дар масъалаи шомил гаштан ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ва ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ кўмак расонад.

Густариши ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ низ матлуб дониста шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520