Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Залмай Расул

18.05.2010 15:20, шаҳри Душанбе

Дар сўҳбат бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Залмай Расул масоили сершумори ҳамкорӣ ва ҳусни ҳамсоягии ду кишвар баррасӣ шуд.

Таъкид гардид, ки манфиатҳои муштараки сиёсии ду кишвар, таҳаввулоти босуръати дохилӣ ва минтақавӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳо густаришу тақвият додани робитаҳоро, аз ҷумла миёни вазоратҳои корҳои хориҷӣ, сохторҳои сарҳадӣ, амниятӣ, ҳарбӣ, интизомӣ ва адлия тақозо мекунад.

Бо қаноатмандӣ аз муносибатҳои дўстонаи ҳамсоягӣ зикр гардид, ки тайи 3 моҳи охир ҳудуди 100 нафар донишомўзон ва кормандони сохторҳои амниятию ва қудратӣ ва 300 нафар кормандони тиббии Афғонистон курсҳои омўзиширо дар шаҳри Душанбе хатм карда, ба ватани худ баргаштанд.

Иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ аз самтҳои асосии ҳамкории иқтисодии ду кишвар арзёбӣ гардид.

Дар ин росто густариши робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон бо кишварҳо ва созмонҳои гуногуни манфиатдор, аз ҷумла мулоқотҳои чорҷонибаи Тоҷикистон - Афғонистон – Покистон –Россия, мувофиқи матлаб дониста шуд

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520