Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Мамлакати Арабистони Саудӣ доктор Низор Маданӣ

18.05.2010 15:50, шаҳри Душанбе

Дар мулоқот бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Мамлакати Арабистони Саудӣ доктор Низор Маданӣ масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.

«Мо ба густариш ва таҳкими муносибатҳои дўстона бо Мамлакати Арабистони Саудӣ аҳамияти хоса медиҳем ва қаноатмандем, ки равобити сиёсии мо, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, бар асоси эътимод, ҳусни ният ва созандагӣ сурат мегиранд», - изҳор дошт зимни сўҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Низор Маданӣ изҳор дошт, ки Подшоҳи Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Абдуазиз даъвати Сарвари давлати Тоҷикистонро пазируфта, азми сафари расмӣ ба ин кишвари биҳиштосо дорад ва дар фурсатҳои наздиктарини муносиб ин ташриф ба вуқуъ хоҳад пайваст».

Баҳри таҳким ва густариши ҳамкории минбаъдаи дуҷониба ҳамчувнин баргузор намудани ҷаласаи аввалини комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ ва омода намудани санадҳои мушаххаси қарордодию ҳуқуқӣ зарур шумурда шуд.

Изҳори умед карда шуд, ки Анҷумани бошукўҳи исломӣ дар шаҳри Душанбе дар таъмини ҳамбастагии воқеии кишварҳои мусулмонӣ саҳифаи нав хоҳад кушод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520