Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Манучеҳри Муттакӣ

18.05.2010 15:00, шаҳри Душанбе

Зимни сўҳбат бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Манучеҳри Муттакӣ масоили шарикии гуногунсоҳаи стратегии ду кишвар баррасӣ шуд.

Бо қаноатмандӣ аз рушди муносибатҳои ду кишвар Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки тавофуқоти муҳими ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтори нақлиётӣ, ҳамлу нақли транзитӣ ва саноат сари вақт ва босамар татбиқ мегарданд.

Барои сохтмони бомароми нерўгоҳи Сангтўда – 2 ба роҳбарияти давлати Эрон арзи сипос карда шуд.

Баргузор кардани музокироти коршиносони ду ҷониб оид ба таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолкунандаи пояҳои хаттҳои интиқоли барқ, чароғҳои камхарҷи барқӣ, трансформаторҳои пуриқтидор ва кабелҳои баландшиддат, бунёди корхонаи семент ва дигар корхонаҳои муштараки саноатӣ зарур шумурда шуд.

Таъкид гардид, ки ба ҳамкории сеҷонибаи Тоҷикистону Эрону Афғонистон бояд такони тоза бахшида шавад.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили амнияти минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар доираи Созмони Конфронси Исломӣ ва дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520