Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Котиби давлатӣ-Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон, Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Канат Саудабаевро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот мавзўъоти фаъолияти Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва доираи васеи масоили минтақавию ҷаҳонӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ шуд.
«Тоҷикистон нақши Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро, чун воситаи муҳими минтақавӣ дар таъмини амнияту суботи қаламрави Авруосиё баланд арзёбӣ менамояд», - изҳор дошт зимни сўҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Канат Саудабаев Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо баргузории бомуваффақияти иҷлосияи Шўрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ табрику таҳният гуфта, нақши Тоҷикистонро дар таъмини фазои боварӣ, ҳамкорӣ ва гуфтугўйи миёни тамаддунҳо намоён маънидод кард.
Бо таваҷҷўҳ ба мушкилоти вобаста ба ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла таъкид дошт, ки «Тоҷикистон ҳамоно ҷонибдори устувори рушди ҳамкории минтақавӣ ва ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ аст» ва изҳори боварӣ намуд, ки дар давраи раёсати Қазоқистон дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар ин самт низ натиҷаҳои арзишманд ба даст меоянд».
Эмомалӣ Раҳмон ва Канат Саудабаев фаъолияти босамари Коллеҷи сарҳадии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро, ки соли гузашта дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ ёфта буд, намунаи хуби рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмон арзёбӣ намуданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти зарурати мавҷуда изҳори боварӣ намуд, ки то охири соли равон дар шаҳри Душанбе ҳамчунин Маркази минтақавии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба безараргардонии минаҳо кушода мешавад.
Ҳарду ҷониб омодагии устувори худро ба густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон ва ҳам дар чаҳорчўби Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ таъкид намуданд