Дар сўҳбат бо Вазири корҳои хориҷии Салтанати Уммон Юсуф ибни Алавӣ масоили ташкил ва густариши ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд.
«Мо кўшиш мекунем, то муносибатҳои ҳамкории судманд дар самтҳои мухталиф миёни Тоҷикистону Уммон беш аз пеш вусъату густариш ёбанд», - изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Барои ин омода сохтани асосҳои ҳуқуқии ҳамкорӣ ва густариши робитаҳои дучониба зарур шумурда шуд.
Юсуф ибни Алавӣ салому паёми Султони Уммон Қобус ибни Саидро ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон расонда, ҳавасмандии роҳбарияти кишварашро ба ташкил ва густариши ҳамкории судманд бо Тоҷикистон таъкид намуд.
Ба гуфти Юсуф ибни Алавӣ, ба нишони оғози ҳамкории густурдаи иқтисодию сармоягузорӣ ва фарҳангӣ Салтанати Уммон омода аст, ки як шаҳраки муосири истиқоматӣ бунёд карда, ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардидаи Тоҷикистон тақдим намояд. Ў ҳамчунин изҳор дошт, ки Салтанати Уммон ба сармоягузорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла чорводорӣ, истеҳсол ва коркарди меваю сабзавот ва дигар бахшҳои судовар иштироки фаъол дошта бошад.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ ва тадбирҳои муштараки кишварҳои мусулмонӣ гуфтугў сурат гирифт.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки Султони Уммон Қобус ибни Саид ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.