Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Яҳё Маъруфӣ

19.05.2010 12:00, шаҳри Душанбе

Дар мулоқот бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Яҳё Маъруфӣ масоили вобаста ба татбиқи санадҳои дар доираи ин созмон имзошуда, аз ҷумла «Дурнамои ЭКО то соли 2015», ки ҳадафи асосии он таъмини тиҷорати озод дар қаламрави кишварҳои аъзои Эко аст, баррасӣ шуд.

Соҳаи энергетика, аз ҷумла бунёди нерўгоҳҳои хурду бузурги обӣ дар Тоҷикистон ва интиқоли нерўи барқи арзону таҷдидшаванда ва аз ҷиҳати экологӣ безарар ва интиқоли он ба кишварҳои ниёзманд аз самтҳои муҳимтарин ва босамартарини ҳамкорӣ арзёбӣ гардид.

Сохтмони шабакаҳои нави пулу нақбҳо ва роҳҳои оҳану мошингард (бахусус аз шаҳрҳои бандарӣ ба Осиёи Марказӣ) ва баланд бардоштани нақши транзитии Афғонистон аз самтҳои дигари афзалиятноки ҳамкорӣ маънидод карда шуд.

«Тоҷикистон омода аст ҳамеша барои татбиқи амалии стратегияи созандаи Созмони ЭКО талош дошта бошад», - изҳор намуд дар хулосаи сўҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520