Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Дабири кулли ҷамъияти байналмилалии ҷавонони мусулмон Муҳаммад Бодаҳдаҳро ба ҳузур пазируфт.
Муҳаммад Бодаҳдаҳ ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карда, аз ҷумла изҳор дошт, ки «мо аз ташаббусҳои сершумори Шумо оид ба тарғиби арзишҳои волои инсондўстонаи дини мубини Ислом илҳом гирифта, тасмим дорем, ки дар чопи китобҳои Қуръони Карим бо тарҷумаи тоҷикиаш саҳми худро гузорем».
Муҳаммад Бодаҳдаҳ иттилоъ дод, ки ҷамъияти байналмилалии ҷавонони мусулмон омода аст, ки беш аз 1 миллион нусха Қуръони Каримро бо тарҷумаи тоҷикӣ чоп намуда, дастраси ҷавонони Тоҷикистон намояд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо арзи сипос ин иқдомро хеле судманд маънидод кард, зеро ба гуфти ў «мардуми тоҷик қуръонро бо забони модарии худ хонда, ба маъонии он дуруст сарфаҳм мераванд ва аз ҳар гуна каҷравию таҳрифоти ғаразнок худро дар канор мегиранд».
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ ва тадбирҳои минбаъдаи судманд гуфтугў сурат гирифт.